Тобут аз Дубай
...Чандин рӯз кормандони тарабхона ба банкете тайёрӣ медиданд, ки дар он ситораҳои форсизабон ба меҳмонони хоса консерт медоданд. Он шаб ҳам Дилҷӯ ва ҳам модараш дар кор буданд, зери сурудхонии ситораҳо гурӯҳи чорнафараи духтарони зебое мерақсиданд, ки меҳмонон зери қадамҳояшон пул мерехтанд. Сардори онҳо зани миёнсоле буд, ки бо ҳирс аз зери пойи шогирдонаш пулҳоро чида, ба ҳамёни калоне меандохт...
Модари Меҳрнигори Рустам овозхон шуд
...“Даъвои ҳунарнамоиву худситоиро надорам. Фақат ба худам иҷозат додам, ки таронаи писандидаи замони наврасиямро бозхонӣ кунам. Бо узри зиёд пеши ононе, ки ин таронаро хондаанд, намунаи ночизи худамро барои шумо пешкаш мекунам. Хондани ин суруд таманнои деринаам буд. Лутфан, сахтгир набошеду чун як паёми тозаи баҳор қабулаш кунед, зеро ман фақат барои дили худам ва меҳри шумо сурудамаш”,-навиштааст Афсонаи Рустам дар саҳифаи Инстаграмаш...
Кӣ фикри ҳаёти сӯхтаи маро мекунад?
...Аз рӯзи аввали ба хонаи шавҳарам рафтан худро нороҳат ҳис мекардам. Дар онҷо аз навозишу меҳрубонӣ маҳрум будам, бо сабабҳои ночиз шавҳарам ба сарам дод мезад. Маро таҳқир мекард. Хоҳарарӯсам, ки номаш Нигора буд, аз акояш камӣ надошт, маро ҳар лаҳза бо таънаву маломат хафа мекард. Агар хонарӯбӣ мекардам, баъди ман ҷорӯбро гирифта, хонаро аз нав мерӯфт, косашӯӣ мекардам, косаҳоро аз нав мешӯст...
Дамирбек Олимов: Нигинаро хоҳари худ мешуморам
...-Нақши Нигина дар эҷодиёти ман бузург аст. Масалан, як нафар сабаб мешавад, то кори шумо пеш равад. Вақте ки ман ҳанӯз шинохта набудам, Нигина Амонқулова бо ман бадеҳа хонданд ва ҳамин тавр, ман машҳур шудам. Он замон донишҷӯ будам. Илова бар ин, дар ҳайати ансамбли “Нури Хуҷанд” фаъолият мекардам ва қадамҳои нахустини хешро дар роҳи санъат мегузоштам. Дар ҷашни Наврӯз пешниҳод шуд, ки ману Нигина Амонқулова бояд бадеҳа хонем ва аз ҳамон ҷо ҳамкории мо оғоз шуд...
Касалии сил: аз воҳима то ҳақиқат
...Бархе бар он назаранд, ки фақат одамони калонсол ба бемории сил гирифтор мешаванд. Дар асл хавфи ба тамоми табақаҳои ҷомеа, ҳатто ба кӯдакону наврасон низ сироят намудани ин беморӣ вуҷуд дорад. Роҳи беҳтарини муҳофизати атфол аз сил иммунизатсия, яъне эмкунӣ мебошад, аз ҳамин хотир, тамоми тифлакони навзод дар рӯзи сеюми ҳаёташон дар таваллудхона БСЖ мегиранд. Навзодоне, ки бо ин ё он сабаб эм карда нашудаанд, бояд то думоҳагӣ ҳатман дар дармонгоҳи ҷойи истиқоматашон ё табобатхонаҳои кӯдакона БСЖ карда шаванд...
Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 13-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 7-уми апрели соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52
“Маро танҳо нагузор”
Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!