Formula september
Дар шумораи 36-уми ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!
1220

“Чаро хушдоман ба келин рашк мекунад”. Чунин аст сарлавҳаи “Назарпурсӣ” ва саволе, ки аз ҷониби хонандаи ҳафтанома ба идора ирсол гардидааст. Ба саволи хонанда дар мавриди яккаписар будани шавҳар ва рашк кардани хушдоман нуқтаи назари чанд нафарро мутолиа намоед.

“Зарринҳунар. Зане, ки ба президент ҷомаи зардӯзӣ пӯшонд”. Чунин унвон дорад маводе, ки оид ба зиндагинома ва фаъолияти қаҳрамони рубрикаи “Иродаи зан” Назрӣ Қаландароваи 59-сола дарҷ гардидааст.

Қиссаи “Интиқоми Бону” аз зиндагиномаи зане навишта шудааст, ки ба хиёнати шавҳар дучор мегардаду писари ягонааш низ бо модар хеле сард муносибат мекунад. Бону дубора ба по хеста, бахти худро пайдо месозад. Ӯ аз шавҳараш интиқом гирифта, бо марди аз худаш ҷавон издивоҷ мекунад.

“Ғуломи хоҳаршӯ” сарнавишти духтаре аст, ки замони донишҷӯӣ ҷавоне дорое дӯсташ дошта, ӯро аз деҳа ба шаҳр меорад. Зиндагияш хуб ҷараён мегирад, вале муносибати хоҳаршӯ нисбаташ хеле бад буда, ӯро пайваста таҳқир ва фармонфармоӣ мекунад. Вақте ки косаи сабри келин лабрез мегардад, дигар имкон намедиҳад, ки ӯро зери по кунанд.

Дар саҳифаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаро бо сарояндаи маҳбубу шинохта Наимҷони Сайдалӣ оид ба камнамо шуданаш дар саҳна, махсусияти продюсерӣ, кумакҳояш ба сарояндагони ҷавон ва фазову муҳити Ютуб мутолиа намоед.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии блогер ва омӯзгори забони англисӣ Шарифхони Абдулманон маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “5 касалие, ки дар тирамоҳ авҷ мегирад?” ва “5 омиле, ки ҳуснро коста месозад” тавсия ва маслиҳатҳои муфидро оид ба мушкилоти вобаста ба саломатӣ ва беҳдошти зебоӣ барои бонувон мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз қабили “Ба ҳамсояи шаробхор кумак кунам?”, “Ҳукми сигоркашӣ”, “Унитаз ҷониби қибла бошад, гуноҳ аст?” “даромади миёнарав ҳалол аст?” аз ҷониби намояндагони Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон посух дода шудааст.

Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Хоб бинӣ, ки фарзандат бемор аст”... бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Баъди марги занам зан нагирам?”, “Зани дуюм шуда, ба туҳмат гирифтор шудам” дарҷ гардидааст.

Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД