Субҳи имрӯз, 3-юми январи соли 2025, соати 05:40 дар километри 614-и шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, ки аз ҳудуди минтақаи Ригувеси ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон мегузарад, тарма фаромада, роҳро муваққатан бастааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, барои бартараф намудани ҳолати баамаломада техникаи хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт дар ноҳияи Шуғнон ҷалб карда шудааст. Рафъи паёмадҳои офати табиӣ ҳанӯз идома дорад.
Хушбахтона, бар асари лағзиши тарма талафоти ҷониву хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар ҳушдор додааст, ки то охири ҳафта дар навоҳии кӯҳистонӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, бахусус дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари лағзиши тарма, сангу регу ярч боқӣ мемонад.
Дар робита ба вазъи номусоиди боду ҳаво КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзҳо бидуни зарурат ба навоҳии кӯҳӣ сафар накунанд. Аз анҷом додани корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кардан беҳтар аст.
Ҳамватанони азиз, ҳангоми истифода бурдани таҷҳизоти барқӣ барои гарм намудани манзили худ қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя кунед. Ба шахсоне, ки хонаҳояшонро бо усули қадимӣ гарм мекунанд, тавсия дода мешавад, ки аз бӯйи ғализи ангиштсанг эҳтиёт бошанд.