Arzon march 2024
Дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ нуқтаҳои нерудиҳии электромобил фаъол мешаванд
1275

Дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ 6 нуқтаи нерудиҳии электромобил мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ин нуқтаҳо дар километрҳои 11, 15-и ноҳияи Варзоб, 107, 130-и ноҳияи Айнӣ, 284-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, 300-и шаҳри Хуҷанд ва 322-юми ноҳияи Бобоҷон ҷойгир буда, барои неругирии автомобилҳо тамоми шароитҳои лозимӣ фароҳам оварда мешаванд.

Масоҳати нуқтаҳои нерудиҳии электромобилҳо васеъ буда, барои фаъолияти пурмаҳсул 60 адад таҷҳизоти нерудиҳӣ бо иқтидори 180 киловат ворид шудааст. Таҷҳизоти мазкур маҳсулоти яке аз ширкатҳои муътабари Чин мебошад, ки дар истеҳсоли чунин таҷҳизот таҷрибаи бой дошта, ба стандарти маъмули GB/N ва стандарти аврупоии CCS2 пурра ҷавобгӯ мебошад.

Дар ин нуқтаҳо технологияи пешрафтаи пархохти ҳаққи истифодаи неруи барқ ва ҳисобкунакҳои электронии низоми CТ – VТ насб шуда, дақиқияти истифодаи барқ таъмин ва талафоти он пешгирӣ карда мешавад. “IRS” тасмим дорад дар тамоми шаҳру ноҳияҳое, ки роҳи Душанбе – Чаноқ аз онҳо мегузарад чунин нуқтаҳоро ба истифода диҳад. Пардохти маблағи нерудиҳии автомобил қулай буда, он дарҳол ба суратҳисоби ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” интиқол меёбад. Фаъолияти ин нуқтаҳо барои трансформаторҳои истифодаи умум сарборӣ эҷод намекунанд.

Дар ҳар як нуқтаи хизматрасонӣ аз 5 то 10 таҷҳизоти нерудиҳӣ насб мешавад, ки ҳар кадом бо ду хати нерудиҳӣ метавонад дар як вақт то 20 электромобилро бо неруи барқ таъмин намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД