Commerce bank may-june 2026
Дар Шаҳринав фабрикаи парандапарварӣ ва 10 бинои нави баландошёна месозанд
45

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав 288 иншоот сохта ба истифода дода шудааст, ки аз ин шумора 43 иншоот ба соҳаи роҳу нақлиёт, 41 иншоот ба соҳаи савдо, 27 иншоот ба соҳаи хизматрасонӣ, 13 иншоот ба тандурустӣ ва 12 иншоот ба соҳаи маориф рост меояд.

Дар ин бора дирӯз, 29-уми июл раиси ноҳияи Шаҳринав Вализода Абдуқодир Исуф зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт, ки дар бадали шаш моҳи соли равон дар ноҳия 3 боғчаи нави бачагона ва 12 корхона сохта шудааст, ки ба истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, хишт, яхмос ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум машғуланд.

“Айни замон сохтмони фабрикаи парандапарварӣ барои қариб як миллион сар паранда босуръат идома дорад. Бо бунёди фабрикаи нав беш аз 200 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мегарданд. Дар баробари ин сохтмони 10 бинои баландошёнаи истиқоматӣ идома дошта, ба корҳои сохтмонӣ зиёда аз 300 нафар ҷалб шудаанд”,- гуфт раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД