Дар ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд. Дарахтони шинонидашуда аз кишвари Эрон дастрас гардидаанд. Нархи як дарахт 1500 сомонӣ аст.
Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, дар маъракаи ниҳолшинонӣ раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иштирок намудааст.
- Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода маъракаи ниҳолшинонӣ идома дорад. То имрӯз бо риояи қоидаҳои агротехникӣ зиёда аз 12 ҳазору 600 бех ниҳолҳои гуногун шинонида шудаанд. Аз ҷумла, дар маркази шаҳр 882 бех ниҳолҳои павловния ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудаанд,- меафзояд манбаъ.