Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги кишвар, дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон баргузор мегарданд, ки дар доираи он 21-уми август дар Боғи фарҳангу фароғатии Абулқосим Фирдавсии пойтахт нимпайкараи шоир ва мутафаккири қазоқ Абай Кунанбоев гузошта мешавад.
Шоир, бастакор, маорифпарвар ва фаъоли ҷамъиятии қазоқ Абай Кунанбоев соли 1845 ба дунё омадааст. Номи аслии Кунанбоев Иброҳим буда, тахаллусаш Абай аст. Ин тахаллус қазоқӣ буда, маънои «ботаваҷҷуҳ»-ро дорад. Абай 6-уми июли соли 1904 дар 59-солагӣ аз олам гузаштааст.
Абай дар назми қазоқ 17 шакли нави шеърро ихтироъ намудааст. Достонҳои ӯ - «Масъуд», «Гуфтор дар бораи Азим» ва «Искандар» дар заминаи сужетҳои адабиёти классикии Шарқ офарида шуда, дар онҳо хираду дониш ва фазилатҳои инсон тараннум шудаанд.
Бояд гуфт, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7-уми январи соли 1993 барқарор шуданд. Ду давлат ба густариши муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Баргузории ҳамоишҳои фарҳангии муштарак бо иштироки ходимони фарҳанг ва ҳунари ду давлат ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Дар ин робита мунтазам баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон муҳим арзёбӣ мешавад.