sebiston july new
Дар шаҳри Душанбе метро месозанд
350

Дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе метро бунёд хоҳад гашт. Доир ба оғози расмии татбиқи лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе машварат баргузор гардид.

Дар машварат вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик доир ба хусусияти сохмони метро ва аҳамияти он барои мегаполисҳо ибрози назар намуданд.

Таъкид шуд, ки зарурати сохтмони метро ба зиёд гардидани шумораи аҳолии шаҳри Душанбе ва меҳмонони он вобастагӣ дорад, зеро аҳолии Тоҷикистон дар 30 соли охир зиёда аз ду маротиба ва шумораи сокинони шаҳри Душанбе зиёда аз 3 маротиба афзоиш ёфтааст. Аз ин рӯ, сохтмони метро дар Душанбе талаботи замон ва иқдоми пешгиранда аз афзун шудани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва танбашавии роҳҳо дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мебошад.

Тибқи хулосаи пешакӣ, бо назардошти танбашавии пайваста ва аз меъёр зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе сохтмони метрои зеризаминӣ дар пойтахт ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ёдрас мешавем, ки 14-уми марти соли 2022 байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» Ёддошти тафоҳум оид ба омӯзиши имконияти сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ ва метрои сабук дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд. Он ба бунёди инфрасохтори нақлиёти роҳи оҳани шаҳрӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Тибқи ин санад 3 маротиба машварати омӯзишии ҳузурӣ ва як сафари омӯзишӣ ба Ҷумҳурии Корея бо иштироки мутахассисони ҳарду давлат баргузор гардида, қариб 10 маротиба вохӯрии Гурӯҳи кории доимии ҳарду давлат тариқи фосилавӣ доир карда шуд.

Дар ин давра харитаи хатсайри эҳтимолии ин лоиҳа, вазъи танбашавӣ дар роҳҳои шаҳр, динамикаи нақлиёти ҷамъиятӣ ва рушди аҳолии шаҳр, афзоиши ҳудуди ҷуғрофии пойтахт ва вазъи иқтисодию иҷтимоии он аз тарафи мутахассисони ҳарду давлат мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифт.

Марҳилаи омӯзиши имконияти сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ-метро дар Душанбе бо маблағгузории Бонки содирот ва воридоти Корея «Эксимбонк» амалӣ шуда, натиҷаи он 22-юми майи соли 2024 бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат рӯнамоӣ гардид.

Тибқи гуфтушунидҳо бо ҷониби Корея, лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе бо дастгирии молиявии ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» гузаронида мешавад. Ба иттилои “Ховар”, ҷалби сармояи хориҷӣ барои асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ лоиҳаи ҷузъӣ буда, марҳилаҳои ояндаи он дар ҳамкорӣ бо ҷониби Корея доир мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД