Дар як қатор кӯчаю маҳаллаҳои се ноҳияи шаҳри Душанбе рӯзи 22-юми сентябр интиқоли барқ муваққатан қатъ карда мешавад. Сабаби қатъшавӣ корҳои таъмирӣ дар хатҳои барқ мебошад.
Тибқи иттилои Шабакаҳои барқи Душанбе, маҳдудият то соати 17:00 идома хоҳад кард. Дар ноҳияи Шоҳмансур интиқоли барқ дар кӯчаҳои Айнӣ, Зебуниссо, Восеъ, А. Дониш, М. Мастонгулов, Шодӣ, Ч. Имомов, Қаротегин, Дӯстии халқҳо ва маҳаллаҳои Лоҳутӣ ва Деҳқонобод қатъ мешавад. Дар ноҳияи Фирдавсӣ кӯчаҳои Хатлон, Шифо, А. Деҳотӣ, Н. Қарабоев ва маҳаллаҳои Гулпарвар, Шайнак ва Чармгарон ба рӯйхати маҳдудият шомиланд. Дар ноҳияи Сино бошад, барқ дар кӯчаҳои Р. Набиев, А. Ҷомӣ, Фурӯзон, Н. Махсум, Б. Ғафуров, Ҳисор, Ҳувайдуллоев ва маҳаллаҳои Ҳаёти Нав, Балх, Чортут ва Конститутсия муваққатан қатъ карда мешавад.
Шабакаҳои барқи Душанбе аз сокинони минтақаҳои мазкур хоҳиш кардааст, ки ҳангоми иҷрои корҳои таъмирӣ ин маҳдудиятро ба назар гиранд.