Дар Сари Хосори Балҷувон фурудгоҳ месозанд
Дар ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон сохтмони фурудгоҳ оғоз ёфт. Санги асоси иншоот рӯзи 25-уми ноябр гузошта шудааст.
Ба иттилои ҳукумати вилояти Хатлон, бинои фурудгоҳ аз ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои интизорӣ ва қабулу гусели мусофирон иборат хоҳад буд.
Сари Хосор минтақаи кӯҳистон буда, дар фасли зимистон бар асари бориши зиёди барфу борон ва рух додани офатҳои табиӣ метавонад аз дигар минтақаҳо ҷудо гардад. Аз ин рӯ, бунёди фурудгоҳро мақомот қадами муҳим барои рушди сайёҳӣ, беҳтар намудани дастрасии нақлиётӣ ва тақвияти имкониятҳои иқтисодии ноҳияи Балҷувон арзёбӣ кардаанд.
Ҳанӯз муҳлати анҷоми сохтмон ва ба истифода додани фурудгоҳ маълум нест.
Қаблан мақомот аз бозсозии роҳи мошингарди «Балҷувон – Сари Хосор» хабар дода буданд. Барои татбиқи ин лоиҳа Бонки аврупоии таҷдид ва рушд беш аз 50 миллион евро ҷудо мекунад.