Дар пойгаи мошинҳо, ки дар шоҳидии ҳазорон нафар дӯсторони автомобил ва ошиқони ин навъи варзиш хеле гарму ҷӯшон ва пуршӯру шар гузашт, боз шоҳи мошинҳо-Мерседес” ғолиб омад..
Даҳ ширкати машҳури автомобилӣ, аз ҷумла “Вилямс”, “Мерседес”, “Ред Булл”, “ Рено”, “Макларин”, “Рейсинг Поинт”, “Хаас”, “”Алфа Таурӣ”, “Алфа Ромио” ва “Ферарӣ” дар ин сабқат иштирок намуда, қувваозмоӣ карданд.
Набарди автомобилии “Формула-1” ин навбат дар шоҳроҳи соҳилии шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ, зери сарпарастии шоҳзода Валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон баргузор гашта, ба як мусобиқаи хеле бонуфузи варзишӣ табдил ёфт.
Дар сабқат дастаи “Мерседес” дар даври 21-уми ин мусобиқа аввалин шуда ба марра расид ва соҳиби шоҳҷоизаи “STC”-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва барандаи мусобиқаи “Формула 1” эълон гардид.
Ёдрас мешавем, ки шоҳигарии Арабистони Саудӣ чандин мусобиқаҳои бузурги варзиширо дар сатҳи ҷаҳонӣ мизбонӣ менамояд. Аз ҷумла соли 2019 Арабистони Саудӣ қувваозмоии таърихии боксро мизбонӣ ва маблағгузорӣ намуда буд.