Ниҳоят моҳи шарифи Рамазон ба охир расида, Иди саиди Фитр, ки кулли мардум интизораш буданд, фаро расид. Дар ин рӯз кадом амалҳоро бояд анҷом дод ва кадом дуоҳоро хонд, то ки ҳаёти шумо ва аҳли оилаатон пур аз файзу баракати илоҳӣ гардад?
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,
Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт.
Маъмулан иди Рамазонро одамон бо эҳсосоти духӯда пешвоз мегиранд. Аз як тараф хушҳол мешавнад, ки фармудаи Аллоҳро иҷро карда, рӯзаашонро адо намуданд, аз ҷониби дигар ғамгин мешаванд, ки бо як моҳи пур аз раҳмат ва мағфират видоъ намуданд.
Паёмбари гиромии ислом ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудааст: "Ҳар касе, ки моҳи Рамазонро бо имон ва умеди савоб рӯза дорад, гуноҳҳои гузаштааш бахшида мешаванд". (Бухорӣ, Муслим).
Иди Фитр рӯзи шодӣ, шукргузорӣ ва ваҳдат миёни уммати ислом аст. Аллоҳ онро барои муъминон подоши рӯза ва ибодат қарор додааст.
Амалҳое, ки бояд дар рӯзи ид анҷом дода шаванд
Пеш аз ҳама ба мусулмонон воҷиб аст, ки закоти фитрро адо кунанд, то рӯзаи онҳо аз хатоҳо пок гардад ва ба ниёзмандон кумак расад.
Амали дигаре, ки дар рӯзи Иди Рамазон бояд анҷом дода шавад, ба ҷо овардани намози ид мебошад.
Дар Иди саиди Фитр мардум бояд беҳтарин либосҳои худро ба бар намоянд ва шодиву хушҳолӣ кунанд.
Аёдати падару модар, хоҳару бародар ва дигар пайвандон дар ин рӯз боиси хушҳолии онҳо мегардад.
Боз як амали савоб дар рӯзи Иди Рамазон ба аёдати маризон ва пиронсолон рафтан мебошад.
Тоза кардани оромгоҳи гузаштагонатон ва дуову фотиҳа хонданро ба рӯҳу арвоҳи онҳо дар Иди Рамазон фаромӯш накунед.
Кадом дуоҳоро хондан лозим аст?
Дар рӯзи ид тавсия мешавад, ки такбир гуфта шавад ва бо дуо ба Аллоҳ рӯй оварда шавад. Яке аз дуоҳо чунин аст: Аллоҳумма такаббал минна, иннака анта Ас-Сами‘у Аль-‘Алим, ва туб ‘алейна, иннака анта Ат-Таввабу Ар-Раҳим. "Эй Аллоҳ, аз мо (ибодатҳоямонро) бипазир, бешубҳа, Ту шунаванда ва доно ҳастӣ. Ва моро бибахш, бешубҳа, Ту тавбаи бандагонро мепазирӣ ва меҳрубон ҳастӣ".
Бигзор Аллоҳи Таъоло рӯза, намоз ва аъмоли неки кулли бандагонашро бипазирад, гуноҳҳоро мағфират намояд.
Ид муборак!