Formula september
Дар Русия ранҷу азоби зиёде кашида, оқибат ба хушбахтӣ расидам
30.09.2024
ЗУЛФИЯ
764

Салом! Ман Зулфия, дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия кор мекунам. Муҳоҷират махсусан барои занону духтарон хеле душвор аст, аз ҳамин хотир, мехоҳам саргузашти худро нақл кунам, то ки ба дигарон дарси ибрат гардад.

Ростӣ, маро мушкилоти зиндагӣ ба Русия бурда буд. Шавҳари якумам бармаҳал аз падару модар ятим монда, дар дасти амак ва янгааш калон шуда буд, аз ҳамин сабаб баъди тӯй дарҳол ба мо фаҳмонданд, ки ба умеди хонаи онҳо нашуда, ҷою маконамонро ёбем. Шавҳарам мисли дигар мардони тоҷик ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ овард, аммо чанд сол дар мулки рус сарсону саргардон шуда бошад ҳам, ягон мурод ҳосил нашуд. Пули мефиристодааш базӯр ба хӯроку пӯшокамон мерасид. Муддати 3-4 сол тоқат карда, дидам, ки ягон беҳбудӣ нест, қарор додам, ки ҳамроҳи шавҳарам коркунӣ меравам.

Азбаски шавҳарам маълумоти олӣ ва касбу ҳунар надошт, дар сохтмон кор мекард, ман бошам, дар ошхонаҳо косаю табақ мешустам.

Ҳамин тавр, ду-се сол меҳнат карда, каме маблағ ҷамъ кардем, аммо “камбағалро дар болои уштур ҳам саг мегазад” гуфтагӣ барин, шавҳарам аз ошёнаи 7 афтида, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Он замон ман ду фарзанди хурдсол доштам ва марги шавҳар бароям бузургтарин фоҷиаи зиндагӣ буд, аммо...

“Сари зиндаро ба гӯр бурда намешавад” гуфтани калонсолон беҳуда набудааст, баъди марги шавҳарам маро лозим омад, ки миёнамро маҳкам баста, барои фарзандонам ҳам падару ҳам модар шавам. Азбаски ягон шахси дастамро мегирифтагӣ набуд, ба “нарав, дар мулки мардум тани танҳо азоб мекашӣ” гуфтани модарам нигоҳ накарда, боз роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтам.

Се соли аввал дар ҳақиқат азоби сагро кашидам, зеро касе набуд, ки маро роҳнамоӣ ва дастгирӣ кунад. Худро ба сар дар зада, дар се баст кор мекардам ва ҳолам мудом даводав буд. Рӯзона байни ду корхона ва боғчаю мактаб дар такудав будаму бегоҳ кӯдаконамро ба як зани доғистонии ҳамхонаам гузошта, дар басти шабона кор мекардам. Дар як шабонарӯз ҳамагӣ 3-4 соат хоб мерафтаму халос.

Ҳамин тавр, муддати панҷ-шаш сол садҳо ранҷу азоб кашида, билохира роҳи корро ёфтам ва як нуқтаи шаурмафурӯшӣ кушодам. Хушбахтона, корам барор гирифта, муштариёнам рӯз то рӯз зиёдтар мешуданд.

Дар ин миён бачаҳоям калонтар шуда, дастёрам гаштанд. Бо ҳамин минвол оҳиста-оҳиста савдои худро васеътар карда, зиндагиамонро сомон додем ва пули хона ҷамъ кардем.

Ба маблағи дар муҳоҷират кор кардаам дар шаҳри Душанбе хона харидам ва онро ба иҷора дода, боз ҳамроҳи писаронам ба Русия рафтам. 10 соли дигар меҳнат карда, соҳиби ҳавлии зебое гаштем. Албатта дар ин миён мардони зиёде талабгорам шуданд, аммо зиндагии пуразобе дошта бошам ҳам, ба хотири фарзандонам дубора шавҳар накардам. Намехостам бачаҳоям пеш-пеши пойи паиндар хору зор гарданд.

Хулласи калом, бо меҳнати ҳалол дар мулки рус фарзандонамро хӯрондам, пӯшондам, соҳиби маълумот ва хонаву ҳавлӣ гардондам. Ният дорам, ки имсол ҳарду писарамро хонадор карда, якбора ду келин фарорам.

Ба занҳое, ки рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ оварданиянд, гуфтаниям, ки муҳоҷират барои занон хеле душвор аст, вале кас аз таҳти дил меҳнат карда, ба роҳи бад наравад, албатта ба муроду мақсадаш расида, соҳиби зиндагии обод ва хушбахту саодатманд мешавад.

ЗУЛФИЯ, аз Санкт-Петербург

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД