Arzon march 2024
Дар Русия 630 ҳазор муҳоҷирони ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекунанд
623

Ҳудуди 630 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсия Русия ба таври ғайриқонунӣ зиндагӣ ва кор мекунанд. Ин нукта дар ҷаласаи ҳукуматӣ доир ба сиёсати муҳоҷиратии Русия садо додааст.

Ҷаласа таҳти раисии муовини сарвазири Русия Татяна Голикова гузашта, таъкид шудааст, ки аксари муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна - Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд.

“Айни замон дар Русия ҳудуди 630 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ ба таври ғайриқонунӣ кору зиндагӣ карда истодаанд. Аксари онҳо бо сабаби вайрон кардани қоидаҳои будубош, содир намудани ду ва зиёда қонуншиканиҳои маъмурӣ ва машғул шудан бо фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ ин мақомро гирифтаанд”,- суханони муовини вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовойро иқтибос оварда, навиштааст нашрияи “Коммерсант”.

Дар маҷмуъ дар қаламрави Федератсияи Русия беш аз 3,5 миллион муҳоҷирони меҳнатӣ кору зиндагӣ мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД