Arzon march 2024
Дар Россия кор кардан хоҳӣ ба Магадан рав!
805

 17000 муҳоҷирон соҳиби ҷойи кор мешаванд Рӯҳияи муҳоҷирбадбинӣ тӯли як соли охир дар Россия авҷ гирифта бошад ҳам, Русия ҳамчун кишвари калонтарини қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ боқӣ мемонад, зеро ин давлати азим ба нерӯи кории хориҷӣ сахт ниёз дорад.

Аз ҷумла яке аз вилоятҳои хеле калони Россия-Магадан ҳудуди 17000 муҳоҷирони меҳнатиро интизор аст. Намояндагони мақомоти давлатии Вилояти Магадан изҳор доштаанд, ки ҳозиранд барои машғул шудан бо фаъолияти меҳнатӣ дар вилоят тақрибан 17000 шаҳрвандони хориҷиро қабул намоянд.

Дмитрий Князев, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар сӯҳбат ба яке аз шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ гуфтааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ дар Магадан дар соҳаҳои гуногун кор хоҳанд кард. Дар ин бора Спутник иттилоъ додааст.

Қобили зикр аст, ки шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Магадан сол то сол меафзояд. Танҳо тӯли се соли охир теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин минтақа меоянд, се маротиба бештар шудааст. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2022 дар ин минтақа 7000 шаҳрвандони хориҷӣ кор мекарданд, вале дар соли 2023 шумораи муҳоҷирон ду маротиба афзуда, ба 13000 расид. Дар соли 2024 бошад, Магадан ҳудуди 17000 муҳоҷирони меҳнатиро интизор аст.

Агар шумо ҳам нияти ба Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро доред, метавонед Магаданро интихоб намоед. Ёфтани кор дар ин минтақа нисбатан осонтар, вале риоя намудан ба қонунҳои муҳоҷиратии Россия ва донистани забони русӣ ҳатмист.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД