Имрӯз, 26-уми сентябр дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд мошини тамғаи Toyota Camry (рақами давлатияш 111NY01) аз роҳ берун шудаву ба ҷарӣ саросер гардида, ронандааш ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, ки ронандаи фавтида Баҳром Маҳмадсалим, сокини ноҳияи Рӯдакӣ будааст.
Тавре зикр мегардад, мошин ҳангоми ҳаракат аз самти Хуҷанд ба шаҳри Душанбе дар 158-километрии ҳудуди деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ аз роҳ берун шудааст.
Мошин чаппа шудаву аз баландии тақрибан 120-150 метр сарозер шудааст. Дар натиҷа ронанда аз мошин берун афтодаву ҷароҳат бардошта, дар ҷои ҳодиса фавтидааст. Наҷотдиҳандагон ӯро ба беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ расонидаанд.