Дар роҳи Душанбе-Чанок хатари фаромади тарма вуҷуд дорад
46

Агентии обуҳавошиносии кишвар ҳушдор додааст, ки рӯзҳои наздик хатари фаромадани тарма дар роҳи Душанбе-Чанок вуҷуд дорад.
Агентӣ таъкид намудааст, ки рӯзҳои 25 ва 26-уми декабр шоҳроҳи Душанбе – Чанок ва мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб бо сабаби “нурпошии офтоб” хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад.
Ин ниҳод ба ронандагон тавсия додааст, ки бидуни зарурат ба сафар набароянд. Дар сурати зарурат ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёт бошанд, бо суръати баланд мошин наронанд, фосилаи байни мошинҳоро нигоҳ дошта, аз чароғҳои наздик истифода баранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД