Барои таъмини ҳаракати муназзаму бехатари нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ деворҳои ҳимоявӣ (парапет) сохта мешаванд. Дар ин хусус маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Аз ҷониби ширкат то имрӯз дар масофаи 16 000 метр деворҳои ҳимоявӣ сохта ва гузошта шудаанд, ки ҳар парапет зиёда 2,5 тонна вазн дошта, дар ҳолати бархӯрди воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла автомобилҳои гаронвазн устувор боқӣ мемонанд.
Мавҷудияти чунин деворҳо чандин мошинро аз афтодан ба дарё боздошта, боиси ҳифзи ҳаёти ҳамватанонамон мегардад.
Ҳангоми навсозии роҳи Душанбе - Чаноқ бунёди деворҳои ҳимоявӣ (парапет) дар лоиҳа набуда, ин иқдом, ки ҳадафи ягонааш таъмини бехатарии ронандагону мусофирон аст, бо ташаббуси роҳбарияти IRS амалӣ гардидааст. Гузоштани чунин деворҳо дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ идома дорад.