24-уми июли соли 2024 ҳангоми роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қаратоғ дар рӯди Қаратоғ ҷасади як духтари даҳсола пайдо ва аз об берун оварда шудааст. Ӯ сокини шаҳри Душанбе буда, рӯзи 20-уми июли соли равон дар об ғарқ шуда будааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар, имдодгарон ҷасади духтари ноболиғро 2 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ташхиси сабабҳои марги духтар супурдаанд.
Ҳамон рӯз соати 10:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ як сокини 12-солаи деҳаи ба номи А. Дӯстови ҷамоати Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ ҳангоми оббозӣ дар канал ғарқ шудааст.
Наҷотдиҳандагон бо дарёфти хабар ба ҷойи ҳодиса рафта, вале корҳои ҷустуҷӯву наҷот то фаро расидани торикӣ натиҷа надодааст.
Инчунин КҲФ хабар медиҳад, ки 24-уми июли соли 2024 соати 17:30 дақиқа боронҳои кӯтоҳмуддат сабаби омадани селҳо дар километрҳои 104 ва 106-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд шудаанд. Бар асари ин роҳ муддате барои ҳаракати мошинҳо номумкин гаштааст. Ба ҷойи ҳодиса техникаи хадамоти роҳи ширкати IRS фиристода шуд, соати 22:50 дақиқа роҳ пурра аз селовардаҳо пок ва ҳаракати мошинҳо имконпазир гардидааст.
Ҳамчунин, 24-уми июли соли 2024 соати 19:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ боронҳои кӯтоҳмуддат боис гардидаанд, ки дар ҳудуди чанд деҳаи ҷамоати деҳоти ба номи Инван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сел ояд. Ин сел 4 гектар замини кишоваразӣ, роҳи байни деҳаҳо, ҷӯйҳо, 11 хоҷагии ёрирасон ва 8 таҳхонаро зери об кардааст. Сел талафоти ҷонӣ ва харобии дигар надоштааст.