Дар Рашт домоду арӯс аз дуди ангишт ба ҳалокат расидаанд
08.12.2025
Oila.tj
285

Дар пайи заҳролуд шудан аз дуди ангишт зану шавҳари ҷавон дар ноҳияи Рашт ба ҳалокат расидаанд.

Ҳодиса шаби 5 ба 6-уми декабр дар деҳаи Кӯлобаи ҷамоати Қалъаи Сурхи ноҳия рух додааст.

Манбае аз МИҲД-и ноҳияи Рашт 8-уми декабр гуфтааст, ки “домоду арӯс ду моҳ пеш оиладор шуда буданд. Шаби 5-уми декабр ҳаво сард мешавад ва онҳо барои гарм кардани хона аз ангишт истифода мебаранд. Субҳи 6-уми декабр наздикони домод дарро мекушоянд ва маълум мешавад, ки зану шавҳар аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд. Онҳоро ба беморхона мебаранд, аммо зану шавҳар дар роҳ ҷон медиҳанд”.

Ба гуфтаи ин манбаъ, домод 25 ва зан 18-сола будааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД