Модарам. Модарҷонам. Фариштаам. Ҳаётбахшам. Равшании ҳаётам. Надонам чӣ гуна боз садоятон кунам. Мехоҳам, калимаеро эҷод кунам, ки ҳамаи бузургиҳои шуморо васф кардан тавонад.
Фарзанди асил дар симои ҳамаи модарон модари хешро мебинад. Имрӯз акси модареро, ки аз тарси шаттаи фарзанд дар кӯча мондааст, дидаму ашки чашмонам мисли борони сел рӯйи рухсораҳоям ҷорӣ шуданд.
Бале, ин модари дилшикастаю муштипар дар пирӣ роҳати ҳаётро надида 75-сол дорад. Мувофиқ ба арзи ин кампири аз ҳаёт ноумедшуда маълум шуд, ки духтару наберааи бераҳму сангдилаш ӯро зада, аз хона рондаанд. Онҳо фикр накардаанд, ки агар ҳамин модари хундилу ранҷдида намебуд, онҳо дар ин дунё ҳастӣ намекарданд. Ин модар шабу руз дар назди гаҳвораи духтараш бедор менишаст, то ӯ гарму ором бихобад ва бо тани сиҳат ба камоли пирӣ бирасад, вале имрӯз ӯ дар ин синну сол дар кӯчаи Маяковский дар назди дорухона шабро рӯз мекунаду аз дасти бегонагон барои сер кардани шиками гурусна ва қувват бахшидан ба ҷисми лоғараш нону об мехӯрад. Аз нақли шоҳидон бармеояд, ки ӯ дар кӯчаи Маяковский дар назди масҷид истиқомат мекунад.
Мо шахсан ин модарро намешиносем, шояд ӯ бисёр даъвогар бошад, ё шояд ба ҳар кор дахолат мекунад, ё ин ки дигар хислати таҳаммулнопазир дошта бошад, лекин ин маънои онро надорад, ки ӯ сазовори дар кӯчаҳо талбандавор зиндагӣ карданро дошта бошад. Ин танҳо тахмин аст. Шояди дигар низ ҷой дорад: мумкин ӯ ба духтару набераи худаш дар хона нонхури зиёдатӣ ҳисоб мехӯрд, дар ин умри пирӣ надониста шабҳо ҷойи хобро ҷазир мекард. Мумкин ӯ беморие дошта бошаду дар хаёлаш ҳарчӣ бошад, дар бораи наздиконаш аз пеши худ ҳар гап мезанад.
Боз ҳам АММО, барои ин ШОЯД-ҳо.
Магар мо дар кӯдакиямон кӯдаки гирёнчаку сарвайронкунанда набудем,. Ба ҳар чиз чашмамон мерасид мехостем онро аз они худ кунем, сахт бо дастонамон медоштему ё мешикастем онро, ё бозпас додан намехостем. Нон ва ягон шириниро аз даҳони модарамон кашида мегирифтем, мӯйи сари модарамонро мекандем, бо чанголи тези кӯдакона сару рӯяшро мехарошидем. Имрӯз дар шаҳр ва баъзе ноҳияҳо барои кӯдак уребчаро харидорӣ мекунанд, вале вақтҳои пеш кудакон эзорҳояшонро соат ба соат ҷазир мекарданд ва ҷойи хобу гилемро модарон соат ба соат мешустанд, пас чаро бо ин ҳама беадабию якравии мо модарон моро зада аз хона бадар накарданду баръакс механдиданд ва дастони моро мебӯсиданд? Мабодо ба берун мебаромадему 1-соат бедарак мешудем, дили нозукашонро ваҳм зер мекарду бо сад нолаю илтиҷо ба даргоҳи Худованд ба ҷустуҷӯйи мо мепардохтанд. Посух як аст: онҳо тамоми ҳастияшонро ба мо бахшиданду моро самимона дӯст медоштанд ҳатто дар овони калонсолӣ моро аз пештара дида бисёртар дӯст медоранд.
Ҳамаамон рӯзе ба пирӣ мерасем. Магар нисбати худ чунин рафторро раво медидем?
Падару модарамон хоҳ хислати хуб дошта бошанд хоҳ бад, онҳо волидайни моянд. Бояд онҳоро эҳтиром кунем. Агар қаҳру ноз карда, аз хона раванд, бояд онҳоро бо лутфу меҳрубонӣ баргардонем. Ҳатто илм тасдиқ намудааст ки одамон дар вақти пиронсолӣ мисли кӯдак хислати эркагиро нишон медиҳанд, бештар ба диққат ва нигоҳубини атрофиён эҳтиёҷмандии зиёд пайдо мекунанд. Умр мисли дарё гузарон аст. Ҳар як лаҳзаи ҳастии волидайнамонро қадр кунему барои азизонамон ҷонамонро фидо кунем. Мо бе онҳо ҳеҷем, бе дуои онҳо корамон баракат надорад, бе хандаи онҳо ҳаётамон маънӣ надорад. Вақти пардохти қарзи фарзандӣ расидааст!
Ин модари дар аксбуда метарсад ба хонааш баргардад. Надонам ба фарзандаш чӣ гӯям? Агар фарзандаш бегуноҳ бошад, бояд модарашро шабу рӯз кофта ба хона баргардонад.
Фикрҳою ногуфтаҳо бисёранд, вале дил гирён асту чашмони гиряолуд сӯзон, Ангуштони даст низ аз ҳуруфчинӣ (дар клавиатураи экрани телефон) дар эҷоди чунин сатрҳои дилрешкунанда дар васфи модари озордида оҷиз монданд. Боқӣ қазоват аз шумост, хонандгони азиз!
P.S: Мушкилоти мазкур асоси воқеӣ дошта, дар гурӯҳи "Мо Тоҷикистониён" аз ҷониби истифодабарандаи Facebook- Азиза Муҳаммадҷон, ки муаллифи он дар Фейсбук Oxy Gen ном дорад, нашр шуд. Журналист Вазирбекова Наврӯзмоҳ барои ин мушкилотро ҷиддӣ баррасӣ намудан, асоси он матлаб эҷод карду барои таъсирбахш шудан онро ба образ даровард.