Салом. Моҳи шарифи Рамазон моҳи хайру эҳсон аст. Ман бо аҳли оилаам айни замон дар Русия зиндагӣ карда истодаем. Мехоҳам донам, ки садақа ва закоти моламонро ба намояндаҳои динҳои дигар диҳем, қабул мешавад ё не?
ЗУҲУРИДДИН, аз Русия
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Садақа додан ба ғайри мусалмонон ба хотири нарм намудани дилҳояшон ба ислом, бо умеди мусулмон шуданашон ҷоиз аст, хоҳ аз моли закот бошад ё аз моли садақаи нофила. Аммо ба ҷуз ин, садақа додан ба онҳо ҷоиз аст, вале закот додан ба онҳо ҷоиз нест, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд: «Аллоҳ шуморо аз некӣ кардан ва адолат варзидан нисбат ба касоне, ки дар (амри) дин бо шумо наҷангидаанд ва шуморо аз диёратон берун насохтаанд, манъ намекунад. Бегумон Аллоҳ адолатпешагонро дӯст медорад». (Сураи Мумтаҳана: 8).