Sebiston new 2024 october
Дар Рамазон чӣ хӯрдан лозим аст?
23.04.2022
ОИЛА
1073

 

Рӯза доштан дар моҳи шарифи рамазон дар баробари амали савоб ва аз ҷиҳати руҳию маънавӣ манфиатнок буданаш, щамчунин ба саломатӣ низ фоидаовар аст: бемориҳоро шифо мебахшад.

Ба шарте, ки дар хӯрдан ҳадди эътидол риоя шавад ва зиёдаравӣ накунем. Дар Ғарб олимони зиёде дар хусуси ба саломатӣ фоидаовар будани рӯза рисолаву китобҳо навиштаанд. Вале кам нестанд нафароне, ки “рӯза гирем, меъдаамон дард мекунад” гуфта, рӯза намегиранд ва бар ин боваранд, ки рӯза боиси хуруҷ кардани захми меъдаашон мегардад.

Ҳол он ки рӯзаро истироҳати меъда гуфтаанд. Меъда аз ҷумлаи аъзои ҳозима ва хеле фаъоли бадани одам аст, ки тақрибан дар ҳама ҳолат ба ҳазми хӯроки истеъмолнамудаи мо машғул аст. Пас, рӯза боис мешавад, ки аъзои ҳозима аз як сӯ истироҳат намуда, аз фарсудагӣ эмин бимонанд ва нерӯи тоза бигиранд ва аз сӯи дигар захираҳои чарбе, ки барои инсон зарари ҳалокатовар доранд, кам шаванд.

Хӯроки серғизо ва дорои нах истеъмол намоед

Дар рӯзҳои аввали моҳи шарифи Рамазон, ки давомнокии худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан тақрибан 14-15 соатро ташкил медиҳад, одамон бояд хӯрокҳои дорои нахи ғизоӣ истеъмол намоянд. Ба гуфтаи мутахассисон хӯрок дар моҳи Рамазон бояд серғизо ва дорои нахи ғизоӣ бошад. Ба маҳсулоти дорои чунин нахҳо гандум, лӯбиё, нахӯд, шалғам, карам, турб, олу, гелос ва ғайра дохил мешаванд. Шахси рӯзадор ҳангоми хӯрокхӯрӣ бояд ба қадри кофӣ карбогидратҳо, равғанҳо, сафедаҳо ва макроэлементҳо истеъмол кунад. Барои он ки дар давоми як моҳи Рамазон гирифтори дарди меъда ва бемор шудани дигар узвҳои ҳозима нагардед, ба тавсияҳои зерин диққат диҳед.

Хӯроки якум хӯред


Мардуми мо истеъмол кардани хӯрокҳои равғанину сергӯшт ва дуюмро хеле дӯст медоранд ва дар давоми як моҳи рӯзадорӣ кӯшиш мекунанд, ҳар шом хӯрокҳои серғизо истеъмол намоянд. Ба рӯзадорон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо бештар хӯроки моеъ (обдор, суюқ) истеъмол карда, оби зиёд нӯшанд. Об ва хӯрокҳои моеъ барои ба эътидол овардани ҳарорати бадан мусоидат мекунанд. Дар ҳавои гарм мо бисёр арақ мекунем ва оби баданамон кам мешавад, ки ин барои саломатии инсон хеле хатарнок аст.

Обро бо низом нӯшед!

Нафароне, ки дар дохили биноҳо фаъолият менамоянд, яъне кормандони идораҳо дар як шабонарӯз тақрибан 1700 килокалория сарф мекунанд ва мувофиқ ба он бояд дар як шабонарӯз 2,5 литр об ва хӯроки моеъ истеъмол намоянд. Онҳое, ки дар ҷойҳои кушод кор мекунанд, яъне ба меҳнати ҷисмонӣ машғуланд, бояд на камтар аз 3-4 литр моеъ дар як шабонарӯз истеъмол кунанд.
Тарзи нодурусти истеъмоли хӯрок дар моҳи Рамазон метавонад ба оқибатҳои вазнин бурда расонад. Аксарият бегоҳӣ, ҳангомиифтор пеш аз хӯрок якбора 2-3 литр об менӯшанд, ки ин тамоман нодуруст аст.

Чой кабуд –нӯшокии муфидтарин


Бояд ба таври мӯътадил об нӯшид: дар ҳар ним соат шумо метавонед 300 грамм об ва хӯроки обдор истеъмол намоед. Нӯшидани афшура, чойи кабуд ва шарбати тару тоза хеле фоиданок аст. Истифодаи нӯшокиҳои газдор тавсия дода намешавад. Нӯшокии муфидтарин чойи кабуд ба ҳисоб меравад. Истифодаи равғанҳои растанӣ ва маҳсулоти ширӣ низ зарур аст.

Хӯрокро саросема нахӯред!

Бегоҳӣ зимни хӯрдани хӯрок саросема шудан лозим нест, бояд ҳатман кам-кам хӯрок хӯрд ва ҳар луқмаро бодиққат хоидан зарур аст. Истеъмоли зуд ва аз ҳад зиёди хӯрок ба бадани мо, махсусан ба меъда таъсири манфӣ мерасонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД