Боиси ифтихор аст, ки 815-солагии яке аз бузурмардони адабиёт ва фарҳанги тоҷик- Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ЮНЕСКО бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин муносибат барномаҳои махсус баргузор мегарданд...
Барномаи “815-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” ба ҳаёту фаъолияти шоир ва олими машҳури Шарқ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бахшида шуда, аз 5 то 8 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж гузаронида мешавад. Дар ин бора "Ховар" дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар додааст.
Барнома бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашта, имрӯз 5-июн дар доираи ин чорабинӣ намоиши асарҳои Мавлоно Балхӣ ифтитоҳ хоҳад гашт. Давоми як ҳафта сокинон ва меҳмонони шаҳр имкони аз ин намоишгоҳ дидан карданро доранд.
Рӯзи 7 июн конфронси байналмилалии илмӣ дар боби осори Мавлоно доир мегардад, ки дар он олимони намоён аз саросари олам иштирок ва баромад хоҳанд кард. Тадқиқотҳои ҷаҳонӣ дар мавзӯи Мавлоно, Мавлоно Балхӣ ва адабиёти фалсафӣ, ҳуқуқи инсон аз назари Мавлонои Балх аз мавзӯъҳои асосии ин конфронс мебошанд.
Рӯзҳои 7-8 июн барномаи калони консертӣ баргузор гашта дар он оҳангу таронаҳое садо медиҳанд, ки бар ашъори Мавлонои Балх офарида шудаанд.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз зумраи бузургтарин шоирону олимони тоҷик ба шумор меравад, ки осораш шӯҳраи олам гаштааст. "Маснавии Маънавӣ", "Девони Шамси Табрези", "Фихи мо фихи", "Маҷолиси Саъба" ва дигар асарҳои Мавлоно барои тамоми инсоният дастоварди бузург ба шумор мераванд ва барои наслҳои оянда ҳифз карда мешаванд. Асарҳои ин шоир ва файласуфи машҳур бо забони форсӣ эҷод гашта бошанд ҳам, ба чандин забонҳои хориҷӣ тарҷума ва нашр шудаанд, зеро ҷанбаи бузурги маънавӣ ва тарбиявӣ доранд.