Дар Paris Grand Slam 2026 Абубакр Шеров ҳафтум шуд
09.02.2026
Oila.tj
41

Дар рӯзи охири мусобиқаи Paris Grand Slam 2026 Тоҷикистонро Абубакр Шеров (-81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг) ва Абубакри Акобир (-100 кг) муаррифӣ намуданд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Шеров дар вазни 81 кг мақоми ҳафтумро касб намуд. Абубакр дар даври аввал Владислав Колобови украинӣ, дар даври дуюм Давид Лимаи бразилӣ ва дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ Абдулғанӣ Абдулраҳмони мисриро мағлуб намуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ Шеров мағлуби Зелим Тскаеви озарӣ шуда, ба даври тасаллобахш рафта, аз Йошито Ҳоҷои ҷопонӣ шикаст хӯрд ва мақоми ҳафтумро ишғол намуд. Дар вазни 81 кг 50 ҷудокор барои медалҳо рақобат доштанд.

Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни 90 кг дар даври аввал Ҷон Ҷайнеи амрикоиро шикаст дода, дар даври дуюм аз Алексис Мазеюи мизбон мағлуб шуд.

Абубакри Акобир дар вазни то 100 кг дар даври аввал мағлуби Фарес Мехоухи фаронсавӣ гардид.

Ҳамин тавр, бо ягона медали биринҷии Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) ҷудокорони тоҷик мусобиқаи Paris Grand Slam 2026-ро ба анҷом расониданд.

Ёдовар мешавем, ки Муҳиддин Асадуллоев ба ҷоизаи “Ситораи дар ҳоли тулуъ”-и соли 2025 аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо қадрдонӣ карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД