Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Бахтиёр Сарҳадов бо рафти сохтмони бинои нӯҳошёнаи истиқоматӣ шинос шудаанд.
Бо пешниҳоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент тибқи лоиҳа дар ин бино кӯдакистон бо шароити мусоиди тарбияи атфол ҷой карда мешавад.
Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Панҷакент, дар муассисаи таҳсилоти томактабии бунёдшаванда фарзандони сокинони ояндаи бино ва маҳаллаҳои атроф ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Ба пудратчии сохтмон - ҶДММ “Ориёнэлитбино” барои бо сифату намои зебо бунёд намудани бино, хоса кӯдакистон, дастур дода шудааст.
Бино ба зикри манбаъ, ин сеюмин кӯдакистони хусусӣ аст, ки ҳоло дар шаҳри Панҷакент сохта мешавад.