Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Кароматуллоҳи Мирзо аз олам гузаштанд
Шумхабар
Субҳи рӯзи душанбе нав ба идора расида будам, ки ҳамкасбам, журналисти шинохта Одил Нозир бо табъи гирифта хабар дод:
- Устод Кароматуллоҳи Мирзо аз олам гузаштаанд. Навакак писарашон занг заданд. Ҷаноза вақти чошт дар деҳаи Нилкони ноҳияи Рӯдакӣ, дар зодгоҳашон мегузаштааст...
Вай боз чиҳо гуфт, дар ёд надорам, зеро бо шунидани хабари марги устод Кароматуллоҳи Мирзо дунё дар назарам тираву тор гашт. Боз як шоҳсутуни қасри адабу фарҳанги тоҷик фурӯ рехт. Боз як дарахти азиму сермаваи боғи сухан решагадон шуд. Боз як ситораи дурахшон аз осмони фарҳанги миллат канда шуд, мегуфтам худ ба худ ва буғз гулӯгирам мекард...
Ғулғула дар адабиёт
Марги устод Кароматуллоҳи Мизоев барои фарҳангу адаби миллати тоҷик дар ҳақиқат як талафоти бузург буд, зеро чунин нависандагони машҳур дар сад сол як бор ба дунё меоянд. Шояд бархе ба ин андешаи банда чандон розӣ набошанд, вале ба шоиру нависандагон аз рӯйи асарҳояшон баҳо додан лозим аст. Танҳо як асар, романи “Дар орзуи падар” кофист, ки то кадом андоза нависандаи моҳир будани Кароматуллоҳи Мирзо собит гардад. Албатта мо нависандагони соҳибзавқи зиёде дорем ва китобҳои хубу баландмазмун дар адабиёти тоҷик кам нестанд, вале он шӯру шаре, ки “Дар орзуи падар” дар байни хонандагон барпо карда буд, то кунун хеле камназир аст...
Дар орзуи падар
Вақте повести “Дар орзуи падар” чоп шуд, мо ҳанӯз бачаҳои хеле ҷавон ва мактабхон будем, вале хуб дар ёд дорам, ки байни хонандагон барои ин китоб чи қадар талош мешуд. Китоб даст ба даст мегашт ва дар китобхонаи мактаб садҳо нафар хонандагон навбат мепоиданд, ки кай “Дар орзуи падар” ба дасташон мерасида бошад. Он шабу рӯзҳо дар маҳфилҳои мактабӣ, дар хона, дар радиову телевизион, хулоса дар ҳама ҷо сухан аз ҳамин асар ва қаҳрамонҳои асосии он - Нозимии журналист, ки ба шароб дил дода, аз рӯйи бадмастӣ натанҳо ҷойи кор ва шаъну шарафу обрӯю эътибор, балки оилаю фарзандонашро низ аз даст медиҳад, ҳамсараш Мушарраф, ҷавонзани деҳотӣ, ки аз сари рашк хонаашро ба дасти худ вайрон мекунад, фарзандонашон Меҳрубон ва Миҷгон, ки аз касофати майзадагии падару бесабрии модар зиндаятим гашта, мӯҳтоҷи дари хонаи тағо ва дертар пеши пойи паиндар хору зор гашта, садҳо ранҷу азоб мекашанд, мерафт. Хуб дар хотир дорам, ки муаллифи ин асари таъсирбахшро тез-тез ба вохӯрӣ бо хонандагон даъват менамуданд ва дар тамоми гӯшаву канорҳои кишварамон устод Кароматуллоҳи Мирзоро мухлисони асараш хеле бомуҳаббат истиқбол гирифта, гулборон мекарданд....
Силсилафилми таъсирбахше, ки президенти Афғонистон мухлисаш буд
Дертар, соли 2000-ум коргардони маъруфи тоҷик Саидҷон Қодирӣ аз рӯйи ин асар силсилафилме ба навор гирифт, ки натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар кишварҳои ҳамсояамон Афғонистон ва Ӯзбекистон низ ҳазорон-ҳазор тамошобину мухлису ҳаводор пайдо кард. Беҳтарин ҳунармандони тоҷик ба ин силсилафилм ҷалб шуданд. Нақши Меҳрубонро дар филм ҳунарманди ҷавон Беҳрӯзҷони Саид, нақши Нозимиро ҳунарманди маҳбуб ва машҳури тоҷик Муҳаммадҷон Шодиев, нақши Мушаррафро актрисаи ҷавон Гулбаҳор Ҷумъаева, нақши янгаи золими Меҳрубонро Саодат Азизова, бобою бибии Меҳрубонро ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева ва Ҳабибулло Абдураззоқов ва нақши шавҳари нави Мушарраф - Абдушукурро Маҳмадсаид Пиров бозида, силсилафилм чунон пурҷозиба буд, ки ҳатто президенти ҳамонвақтаи Афғонистон мухлиси ин филми тоҷикӣ буданашро изҳор намуд.
Ногуфта намонад, ки аз рӯйи асарҳои Кароматуллоҳи Мирзо боз чанд филми дигар ба навор гирифта шудаанд, ки “Дарди ишқ” ва “Марги бегуноҳ” аз замин зумра буда, то ба имрӯз тамошобинони зиёде доранд.
Ошноӣ бо устод Кароматуллоҳи Мирзо
Ошноии банда бо устод Картоматулло Мирзо охирҳои солҳои 1990 ва аввалҳои солҳои 2000 сурат гирифт. Он замон ман донишҷӯ будам ва ҳамзамон ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи адабии Телевизиони Тоҷикистон фаъолият намуда, аз рӯзгори аҳли адаб барномаҳои телевизионӣ таҳия менамудам. Ҳамон солҳо устод Кароматуллоҳи Мирзо директори нашриёти “Адиб” буданд ва баъзан соатҳо бо ин адиби машҳур дар боби бурду бохти адабиёти тоҷик ва осори гаронбаҳои ниёгон сӯҳбат мекардем. Ҳар як суҳбати устод барои банда як сабақи бузурги зиндагӣ буд, зеро Кароматуллоҳи Мирзо мисли дигар мансабдорон ғуруру такаббур надоштанд. Ҳарчанд нависандаи машҳур буданд ва асарҳояшонро ҳазорон-ҳазор хонандагон мутолиа менамуданд, ҳарчанд дар вазифаҳои баланди давлатӣ кор карданд, аммо устод то нафаси охирин як инсон хоксор ва шикастанафсу самимию заминӣ боқӣ монданд.
Дарахти сербори боғи адабиёт
Кароматуллоҳи Мирзо яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик мебошанд. Бартарии нависанда дар он аст, ки қариб тамоми асарҳояш аз ҷониби хонандагон хуб пазироӣ шуда, маҳбубияти зиёд ба даст овардаанд. Нахустин ҳикояи ин адиби пурмаҳсул «Айб аз худатон, додар!» соли 1965 дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» чоп шуда, китоби аввалинаш «Ситораи умед» соли 1980 ба табъ расидааст. Пас аз ин маҷмӯаи ҳикоявуочеркҳои «Маоши аввал», сипас асарҳои нисбатан бузургтарашон «Шабе дар Кабудҷар», «Дарди ишқ», романи машҳури «Дар орзуи падар», «Нишони зиндагӣ», «Ситораҳои паси абр», «Марги бегуноҳ», «Деҳаро хоб мебинам» паиҳам рӯи чоп омада, мақоми Кароматуллоҳи Мирзоро дар адабиёт баланд бардоштанд. Ногуфта намонад, ки асарҳои алоҳидаи Кароматуллоҳи Мирзо боа забонҳои инглисӣ, чехӣ (тарҷумон Иржи Бечка), туркманӣ, ӯзбекӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудаанд, ки ин аз бузургии Кароматуллоҳи Мирзо ҳамчун нависнада дарак медиҳад.
Давлату ҳукумати мамлакат хизматҳои Кароматуллоҳи Мирзоро қадр намуда, устодро бо унвони баланди Нависандаи халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи адабии ба номи Л. Н. Толстой ва ордени «Шараф» қадрдонӣ намудаанд.
Дастгиру ғамхори насли ҷавон
Боз як хислати наҷиби устод Кароматуллоҳи Мирзо дар он буд, ки насли ҷавонро ҳамеша дастгирӣ мекарданд. Хислати маҳалгароӣ ва ошнобозӣ аслан дар хунашон набуд. Агар пай мебурданд, ки дар ниҳоди ҷавоне ҷавҳари истеъдод нуҳуфтааст, сарфи назар аз аслу насаб ва аз кадом минтақа буданаш кӯшиш мекарданд ҳаматарафа ӯро дастгирӣ намоянд.
Банда ҳанӯз аз даврони мактабӣ кам-кам шеъру тарона менавиштам ва устод аз ин шавқам огоҳӣ доштанду доим талқин мекарданд, ки аз паси чопи китобҳоям шавам. Бо ҳидояти он кас соли 2010 асари дедективиамро бо номи “Гирдоби хунин” нашр намудам. Устод он солҳо сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” буданд ва хостанд маро ба аъзогии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешбарӣ намоянд. Хоҳиш карданд, ки ҳуҷҷатҳоямро омода созам, вале рӯзе, ки бояд бо ҳуҷҷатҳо ҳозир мешудам, рӯзи чопи газета буд ва натавонистам ба иттифоқ равам. Пас аз чанд вақт устод маро даъват намуда, ғазаболуд гуфтанд:
“Одамон барои аъзои иттифоқ шудан ким-киҳоро восита карда, чи корҳое, ки намекунанд, вале ман ба хотири истеъдодатон бидуни ягон талаб шуморо тавсия намудаму шумо бошед, на омадед ва на ҳуҷҷатҳоятонро фиристодед...
Ҳарчанд фаҳмондам, ки дар рӯзи чопи газета корро партофта рафта наметавонистам, устод сахт ранҷида, пас аз ҳамон ҳодиса муддати ду сол бо банда қаҳрӣ шуданд, аммо баъд боз худашон занг зада, таъкид намуданд, ки тарки газета намуда, ба кори эҷодӣ гузарам.
“Газета албатта хуб аст, вале эҷодкорро оҳиста-оҳиста мехӯрад. Саргарми мушкилоти дигарон шуда, барои худатон, барои корҳои эҷодӣ фурсат намеёбед. Вақт бошад, мисли оби равон мегузарад,”-мегуфтанд устод...
Ин ҳодисаро танҳо ба он хотир ёдоварӣ намудам, ки то кадом андоза нисбат ба эҷодкорони ҷавон ғамхор будани Кароматуллоҳи Мирзоро ёдрас намоям, зеро дар замони муосир чунин устодони ғамхор ангуштшуморанд...
Охирин дидор
Айни замон ду китоби банда омодаи чоп аст ва аз устод хоҳиш кардам, ки барои ин китобҳо пешгуфтор нависанд. Ҳамон шабу рӯз устод бениҳоят серташвиш буданд, вале ба серкориашон нигоҳ накарда, розӣ шуданд, ки ба як китоби банда пешгуфтор нависанд. Гумон доштам, ки китобро ҳатму варақ зада, чизе менависанд, вале он кас дар муддати ду ҳафта онро пурра хонда, андешаҳояшонро дар поварақ навиштаанд.
Бо устод дар назди “Хонаи Радио” вохӯрдем.
“Асари хуб аст, агар боз камтари дигар болояш кор кунед, китоби олиҷаноб мешавад. Вақат шеъру таронаҳоро китоби алоҳида кунед, беҳтар аст. Назму насрро омехта чоп кардан чандон идеяи хуб нест...” -гуфтанд устод ва хайрухуш карда рафтанд...
Эҳ, дунё, дунё, агар медонистам, ки ин охирин дидори банда бо устод Кароматуллоҳи Мирзо аст, аз суҳбати самимонаи пур аз панду андарзашон бештар баҳра мебардоштам, вале афсӯс...
Сабт аст дар ҷаридаи олам...
Устод Кароматуллоҳи Мирзо ин ҷавонро падруд гуфтанд, вале асарҳои безавол ва хотираи неки ин нависандаи хушзавқ ва инсони наҷиб як умр дар хотири хонандагон ва дар дилу дидаи дӯстону шогирдони бешуомрашон зинда хоҳад монд. Ёдатон ба хайр устоди азиз!
Марги собидил ҷавонеро далели кулфат аст,
Шамъ, агар хомӯш гардад, доғи маҳфил мешавад.
Ф. САТТОРӢ