Formula novemver 2024
Дар Олмон барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон мусобиқаи аспдавонӣ баргузор гашт
236

Дар шаҳри Магдебурги Олмон рӯзи 13-уми июл мусобиқаи варзишӣ оид ба аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар он раиси Парлумони музофоти федералии Саксония-Анҳалт Гуннар Шелленбергер, сафирони як қатор мамлакатҳои хориҷӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Мусобиқа таҳти шиори «Хуш омадед ба боми ҷаҳон. Тоҷикистонро бубинед, таҷриба кунед ва лаззат баред!» баргузор шуда, ба ҳозирин имкон дод, ки дар бораи Тоҷикистон, бахусус иқтидор ва имконоти сайёҳии он бештар маълумот пайдо кунанд.

Чорабинии мазкур зиёда аз 3000 тамошобинро ҷамъ намуд, ки дар қатори онҳо намояндагони доираҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва соҳибкорони замини федералии Саксония-Анҳалт низ иштирок доштанд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар ҳамкорӣ бо «German Global Trade Forum Berlin», шабакаи тиҷоратии Дӯстони Шабакаи соҳибкорони «H4 Racing Club» ва ширкати «Wettstar» ҳамчун сарпарасти пойга дар масофаи 1300 метр ба ғолибон мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Дар ин хусус «Ховар» дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД