Дар олимпиадаи Жаутиков хонандагони тоҷик 7 медал ба даст оварданд
16.01.2026
Oila.tj
73

Хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар XXII Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков аз фанҳои математика, физика ва информатика - «IzhO-2026» бо ба даст овардани натиҷаҳои назаррас иштироки фаъолона намудаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин олимпиада 4 даста, иборат аз 28 нафар хонанда намояндагӣ намуда, дар натиҷаи рақобати илмии сатҳи баланд миёни 16 кишвар ва 605 нафар иштирокдорон сазовори 7 медал гардидаанд, аз ҷумла 1 медали тило аз фанни физика, 1 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ аз фанни математика.

- Қобили зикр аст, ки дар ҳафт соли охир бори аввал хонандаи тоҷик дар ин олимпиадаи бонуфуз ҷойи якумро ишғол намуда, сазовори медали тило гардид,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД