Formula novemver 2024
Дар ҳолати сӯхтор ба тоҷирон чӣ имтиёз медиҳанд?
350

Ҳамасола бо фаро расидани фасли тобистон ва баъзан аз меъёр баланд рафтани ҳарорати ҳаво сӯхтани бозорҳо ба назар мерасад. Масалан, субҳи 29 июни имсол бозори “Қубод”-и ноҳияи Қубодиён, ки қисман моли “Тоҷикматлубот” аст, оташ гирифт.

Имрӯз хабарнигори “Оила” аз роҳбарияти ин ниҳод пурсид, ки бозорҳои сӯхта аз ҳисоби кӣ таъмиру барқарор мешаванд ва дар ин гуна мавридҳо ба соҳибкорон чӣ гуна кӯмаку имтиёзҳо пешниҳод мешавад.

Хуршед Раҳмонализода, муовини раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, гуфт, дар ҳақиқат, сар задани ҳодисаҳои таббиӣ, пеш аз ҳама, фалокат аст ва дар чунин мавридҳо Иттифоқ бозорҳоро таъмир мекунад.

“Мо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бозор дорем. Баъзе аз онҳо пурра ва гоҳҳо қисман дар тавозуни мо ҳастанд. Агар чунин ҳолат рух диҳад, бозорро 100 фоиз аз ҳисоби “Тоҷикматлубот” таъмиру барқарор мекунем”, - гуфт мавсуф.

Раҳмонализода илова кард, ки ба хотири дастгирии соҳибкорон дар чунин маврид онҳоро аз тамоми намуди пардохтҳо озод мекунанд ва худашон арзиши хизматрасониҳоро мепардозанд.

“Маблағи андоз ба буҷҷаи ноҳияҳо аз ҳисоби “Тоҷикматлубот” гузаронида шуда, соҳибкорон барои муҳлати муайян аз ҳама намуди пардохтҳо озод мешаванд. Ҳамзамон, маоши кормандони ҷамъияти матлуботро ҳам худамон пурра пардохт мекунем”, - гуфт ӯ

Ин роҳбари “Тоҷикматлубот” таъкид кард, ки Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти муътадили бозорҳои худро ба роҳ монда, фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молҳои мавриди ниёзи аввал ҳамарӯза дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар бозорҳои соҳа амалӣ шуда истодааст.

“Шумораи бозорҳои соҳа 63 адад буда, ҷойҳои нишаст дар онҳо 18042 ададро ташкил медиҳад. Дар бозорҳо ва дигар иншоотҳои соҳа 23 ҳазор шаҳрвандон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд”, - қайд кард Раҳмонализода.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД