Пагоҳ, 2-юми ноябр дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон доир хоҳад гашт. Деҳқонони тоҷик дар ин фестивал навъҳои гуногуни анорро ба маърази тамошо мегузоранд.
Ба иттилоъи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон айни заомн дар ҷумҳурӣ 2722 гектар боғи анор мавҷуд аст, ки аз ин 1359 гектар боғи ҳосилдеҳ мебошад. Боғпарварони тоҷик имсол 4917 тонна анор ҷамъоварӣ намудаанд.
Шарбати анор барои камхунӣ, қиёми пӯсташ барои сӯхтагӣ ва касалиҳои меъда муфид аст.