Дар шаҳри Норак барои занони маҳбус сехи дӯзандагӣ кушода шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дода шуд.
Тавре раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода гуфт, “айни замон шумораи бонувони зиндонӣ 685 нафарро ташкил медиҳад”.
“Дар шаҳри Норак барои занони зиндонӣ сехи дӯзандагӣ кушода шуд. Занони зиндонӣ дар ин ҷо на танҳо ҳунари дӯзандагиро ёд мегиранд, балки ба забономӯзӣ ва китобхонӣ низ ҷалб карда мешаванд”,- зикр гардид зимни нишасти матбуотӣ.