Кормандони Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯву наҷот ва ғаввосони Хадамоти ҷумҳуриявии наҷоти кӯҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак пас аз 4 рӯзи ҷустуҷӯ ҷасади шаҳрванди ғарқшудаи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро пайдо ва аз қаъри об берун овардаанд.
Бино ба иттилои КҲФ, “17-уми августи соли 2024 як сокини 28-солаи вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳангоми оббозӣ дар обанбори Норак ғарқ шуд. Корҳои ҷустуҷӯӣ фаврӣ оғоз ёфтанд. 20-уми августи соли 2024, соати 14:20 ҷасади ӯро аз об пайдо карданд ва ба мақомоти дахлдор супурда шуд”.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи тасаллият ба хонаводаи шахси ғарқшуда ба кулли сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки ҳангоми будубош дар соҳили обҳо ва оббозиву шиноварӣ ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.