Дар ноҳияи Сино ҳолати машғул шудан ба фолбинӣ ошкор гардид
27.01.2026
Oila.tj
190

Зимни баргузории чорабиниҳои профилактикӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино як ҳолати машғул шудан ба фолбинӣ ва анҷом додани амалҳои марбут ба сеҳру ҷоду ошкор карда шудааст.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар ҷараёни санҷиш шаҳрванд Одинаев Муродалӣ, сокини 28-солаи шаҳри Душанбе дастгир гардидааст. Тавре муайян шудааст, номбурда бо истифода аз ашёҳои гуногун, аз ҷумла сӯзану ришта, шамъ, қанди сафед, ҳазориспанд, намак, чойи хушк, об ва қулфу калид ба анҷом додани амалҳои сеҳру ҷоду машғул буда, бо ин роҳ аз шаҳрвандон манфиати молиявӣ ба даст меовардааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Одинаев Муродалӣ бо моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, тибқи қарори суд ба ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД