Commerce bank may-june 2026
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нав кушода шудааст
138

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият шуруъ намуданд. Дар ин бора раиси ноҳия Руслан Қодирзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Раис қайд кард, ки таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ба ҳалли масъалаи бекорӣ мусоидат намуда, ҳамзамон боиси беҳтар гаштани шароити зисту зиндагии мардум ва пешравии иқтисодиёти кишвар мегардад.

Дар идомаи суҳбат Қодирзода гуфт: «Соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 90,1 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба маблағи 283,5 миллион сомонӣ зиёд буда, ҳаҷми афзоиши он 142,3 фоизро ташкил медиҳад».

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ навсозии якчанд корхонаҳои саноатӣ бомаром идома дорад. Раиси ноҳия гуфт, ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кристалл Грин Глас» корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти кварс, шишаҳои панелӣ ва зарфҳои шишагӣ, аз ҷониби Корхонаи истеҳсолии «Сиёма» корхонаҳои истеҳсоли борпечҳои гуногун, маҳсулоти машруботӣ, анборҳои бузург ва дигар корхонаҳо сохта мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД