Кормандони милитсия як марди 30-соларо дар ноҳияи Дӯстӣ бо гумони дуздии нерӯи барқ боздошт намудаанд. Дар ин бора ВКД хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда дар коргоҳи равғанбарорӣ, пахтатозакунӣ ва осиёби шаҳраки Хуррамдиёри ноҳияи Дӯстӣ ба истеҳсолот машғул шуда, худсарона ба ноқилҳои барқӣ пайваст шуда, бидуни таҷҳизоти ҳисоби барқ ба таври ғайриқонунӣ қувваи барқро дар коргоҳаш истифода мебурдааст. Бо ин кирдораш вай ба Шабакаи барқии ноҳияи Дӯстӣ дар ҳаҷми 188 ҳазору 455 сомонӣ зарари молу мулкӣ расонидааст.
Нисбати боздоштшуда бо моддаи 253, иловаи 1, қисми 2 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст. Ин банди қонун аз ҷарима то 6 соли зиндонро пешбинӣ менамояд.