Имрӯз, 7-уми июл Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварда, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят чандин иншооти муҳимро мавриди истифода қарор доданд, ки яке аз онҳо корхонаи истеҳсоли сурма мебошад.
Корхонаи металлургии сурма дар ноҳияи Айнӣ ҷойгир шуда, бо технологияҳои муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз мебошад. Корхона дар назди Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд» фаъолият менамояд ва иқтидори солонааш коркарди то 5 ҳазор тонна металли сурма аст. Дар корхона 200 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «TALCO Gold» бо мақсади азхудкунӣ ва коркарди кони тилову сурмаи Канчоч таъсис дода шуда, бо истифода аз технологияҳои муосир ва низомҳои рақамии идоракунии истеҳсолот фаъолият менамояд. Захираҳои кон беш аз 23 миллион тонна маъдан, наздик ба 50 тонна тило ва зиёда аз 265 ҳазор тонна сурмаро ташкил медиҳад ва он яке аз калонтарин конҳои минтақа ба шумор меравад.
Дар натиҷаи тадриҷан афзоиш ёфтани иқтидорҳои истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона мунтазам боло рафта, барои соли 2026 истеҳсоли маҳсулот ба маблағи 1 миллиарду 539 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.