Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и деҳаи Фатмеви ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ 8 синфхонаи иловагӣ бунёд ва ба истифода дода шуд.
Қаблан бинобар маҳдудияти инфрасохтори таълимӣ хонандагони синфҳои болоӣ маҷбур буданд таҳсилро дар муассисаи таълимии маркази деҳа идома диҳанд. Бо таъмин гардидани синфхонаҳои иловагӣ хонандагон метавонанд дар ин муассиса таҳсил кунанд.
Таъмини шароити мувофиқи таълимӣ дар дурдасттарин деҳоти мамлакат, аз ҷумла мавзеи Дашти Мохак гувоҳи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ва ояндаи насли наврас мебошад.
Дар назар аст, ки оянда дар назди муассиса майдончаи варзишии замонавӣ бунёд карда шавад.