Arzon march 2024
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 135 даъватшаванда ба курси ронандагӣ фаро гирифта шуданд
602

Дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ айни ҳол 135 нафар дар курси ронандагӣ таҳсил намуда истодаанд, ки пас аз хатм ва ба даст гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар мегарданд.

Дар ин бора роҳбари ТҶ “Мададгори мудофиа” дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ Ибодуллоҳ Набиев хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки ниҳоди мазкур барои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҳифзи Ватан ҳазорон нафар ҷавонони синни даъватиро соҳибкасбу сафарбар намуда, ҷиҳати тайёрии тодаъватии ҷавонон маҷмӯи тадбирҳои тарғиботӣ ва ҳарбӣ - варзиширо амалӣ мекунад.

“Ҳоло 135 нафар ҷавонони синни даъватие, ки дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷалб шудаанд, ҳамагӣ 48 рӯз таҳсил менамоянд, ки дар як рӯз ба онҳо 8 соати дарсӣ ҷудо шудааст ва онҳо аз ҳисоби МИҲД маблағгузорӣ карда мешаванд”,- зикр кардааст Ибодуллоҳ Набиев.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД