Commerc banl
Дар Наврӯз хонандагон 10 ва донишҷӯён 6 рӯз истироҳат мекунанд
14.03.2026
Oila.tj
72

Дар ҷашни Наврӯз хонандагони мактабҳо 10 рӯз ва донишҷӯён 6 рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар, хонандагони мактаб аз 20 то 29-уми март ва донишҷӯёни макотиби олии кишвар аз 20 то 25-уми март истироҳат доранд. Ҳамчунин, аз 20 то 29-уми март кӯдакистонҳои кишвар низ фаъолият намекунанд.

Тавре вазорат мегӯяд, таътили баҳории хонандагони мактабҳои миёна низ дар ин феҳрист ворид аст. Яъне хонандагон то 25-уми март дар доираи таҷлили Наврӯз ва аз 25 то 29-уми март 5 рӯз таътили баҳорӣ доранд.

Мувофиқи қарори Ҳукумати кишвар, ки моҳи декабр қабул гардида буд, онҳое, ки 5 рӯзи корӣ дар ҳафта доранд, дар ҷашни Наврӯз 9 рӯз пайиҳам, аз 21 то 29-уми март истироҳат мекунанд. Ҳамчунин, имсол иди Рамазон рӯзи 20-уми март таҷлил мешавад ва тибқи қонун, ин рӯз низ истироҳатӣ аст. Бо назардошти ин, истироҳат барои сокинону донишҷӯён ва таътил барои хонандагон рӯзи 20-уми март оғоз мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД