Formula novemver 2024
Дар намози шом хона рӯфтан ва нохун гирифтан убол аст?
1100

 

Мегӯянд, ки дар вақти намози шом хонаро ҷорӯб задан, мӯйи сарро қайчӣ кардан, нохун гирифтан, ягон чиз дӯхтан мумкин нест. Мегуфтед, ки ин гуфтаҳо ягон асоси динӣ доранд ё не?

УМЕДА, аз шаҳри Турсунзода

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Хоҳари азиз! Ин гапҳо ҳама бофтаи кампиракон ва одамони аз дин бехабаранд. Дар асл тозагӣ ва покӣ яке аз ҳадафҳои асосии шариъати ислом мебошад.

Нохун гирифтан, риш тарошидан ва умуман тозагӣ кардан рӯз ва вақту соати муайян надорад. Дӯхтан ва покиза кардани бадан ва хонаву дари худ дар ҳама ҳолат раво аст, чӣ дар вақти шом бошад, чӣ дар ғайри он.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД