Formula novemver 2024
Дар намози мардон имоматӣ кардани зан равост?
15.04.2022
ОИЛА
2266


Нозикиҳои рамазон аз назари Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода

Моҳи шарифи Рамазон ҳам омад. Чун рӯза яке аз рукнҳои асосии дини ислом аст, мардуми мусалмонон ба он арҷ мегузоранд ва тӯли як моҳ рӯза медоранд. Аммо на ҳама бо аркони рӯза ошноӣ доранд ва дар муддати ин моҳи шариф суолҳои зиёде дар зеҳни рӯзадорон пайдо шуда, шояд дар бисёр маврид ба иштибоҳ роҳ медиҳанд. Бинобар ин, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба идораи мо аз ҷониби хонандагондаҳҳо суол ворид шуд, ки ба онҳо рӯҳонии шинохта Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода посух гуфтанд. Фишурдаи пурсишу посухҳо пешкаши шумо мегардад.

-Домуллои азиз, хоҳиш мекунам дар бораи фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон ба мо чанд ҳарф бигӯед.
Баҳром, муҳоҷир,аз Новосибирск.

Одамиро одамият лозим аст,

Удро гар бӯй набошад, ҳезум аст.
Моҳи шарифи Рамазон ҳадяе аз Парвардигор ба бандагонаш аст. Худованди оламиён мегӯяд, ки “Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза доштан бар шумо муқаррар шуд, ҳамчунонки бар касоне, ки пеш аз шумо будаанд, муқаррар шуда буд, то парҳезгор шавед!”.

Дар ин моҳи муборак аз ҷумлаи парҳезгорон бошед, хайру саховат кунед, ибодат кунед ва бандагони Худоро озор надиҳед.
Моҳи Рамазон омад аз сӯи биҳишт,
Овард ба мардумон анфоси биҳишт.
Ҳар кас дар ин моҳ дилозорӣ кунад,
Не бӯйи биҳишт бинад, не рӯйи биҳишт.

-Оё рӯзаи пайравони мазҳаби ҳанафӣ аз дигар мазоҳиб фарқе дорад?

Ҷамолиддин, н. Рашт.

-Фарқе надорад.Рӯза - тарк кардани хӯрдан, нӯшидан ва дигар корҳоест, ки шариат онро манъ кардааст. Ҳамчунин, аз дамидани субҳ то фурӯ рафтани офтоб алоқаи ҷинсӣ байни зану шавҳар ҷоиз нест.

-Аз назари шариат зан бояд ҳамеша ба шавҳараш итоат намояд. Дар моҳи Рамазон, рӯзона ба хотири нашикастани рӯзааш зан хоҳиши мардро дар мавриди ҳамхобагӣ рад кунад, гунаҳкор мешавад?Шоиста, н. Нуробод.

-Не, гунаҳкор намешавад. Зан ҳуқуқ дорад, ки ба хотири кафорат нашудан хоҳиши шавҳарашро рад кунад. Дар ҳадисҳо омадааст, ки мард зани худро ҳақ дорад, дар вақти рӯзадорӣ ламс кунад, вале беҳтараст, ки аз ин кор низ дурӣ ҷӯяд. Дар сурати алоқаи ҷинсӣ ба болои ҳам мард ва ҳам зан кафорат ҷорӣ мешавад ва ду моҳу як рӯз рӯза доштан фарз мегардад.


-Бемории диабети қанд дорам, зуд-зуд ташна мешавам. Дар рӯзадорӣ бисёр азоб мекашам, ҳолам бад мешавад, чӣ бояд кунам?
Азизмоҳ, н. Ашт.

-Нафарони бемор бояд ки бо табиби хеш машварат кунанд. Дар ин сурат муфтии эшон духтуронанд. Агар рӯза доштан ба саломатии шахс зарар дошта бошад ва агар боиси хурӯҷи беморӣ шавад, бо духтур машварат намуда, метавонад рӯза нагирад.

-Ман дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия мебошам. Инак, моҳи Рамазон ҳам омад, аммо дар Санкт-Петербург давомнокии рӯз 19-20 соат асту корамон ҳам вазнин. Оё шариат иҷоза медиҳад, ки мо инҷо рӯза нагирему рафта, онро дар қазоӣ дорем.

Муродҷон, муҳоҷир, азСанкт-Петербург.
-Рӯза ин имтиҳон аст. Агаршумо солим ҳастед ва қобилияти гирифтани онро доред, новобаста аз маҳали будубош ва шароити кор бояд, аз ин имтиҳон гузаред. Худованд мегӯяд: «Мо рӯзаро бар шумо фарз гардонидем» ва фарзро намешавад бо баҳона тағйир дод. Муҳоҷирон дар хориҷи кишвар низ бояд рӯза бигиранд. Ин тавр нест, ки тобистон гарм асту зимистон сард аст, гуфта шахс аз рӯза даст кашад. Шумо дар гармии тобистон, дар рӯзҳои тӯлонӣ рӯза бигиред, азоб кашед, Худованд подошашро ба шумо хоҳад дод.


-Ба шахсе, ки намози панҷвақтаро намегузорад, хондани намози таровеҳ равост?
Ниёз Сатторов, н. Айнӣ.

-Намоз дар баробари рӯза яке аз рукнҳои панҷгонаи ислом аст. Намоз аст, ки инсонро аз корҳои бад дур нигоҳ медорад. Мусулмон бояд мусулмони мавсимӣ набошад. Намоз бар асоси таълимоти ислом назди Худованд мартаба ва ҷойгоҳи бузурге дорад ва аз ҳар ибодати дигаре азизтар ва маҳбубтар аст. Он барои инсон меъроҷи маънавӣ, тулӯъгоҳи рӯҳӣ, созандаи ҷавҳари шахсият ва такомулдиҳандаи истеъдодҳои фитрӣ мебошад.


Худованд панҷ вақт намозро бар бандагонаш фарз гардонид ва бандаи намозгузор дар пешгоҳи ӯҷойгоҳи хос ва аҷру савоби бисёре ба даст хоҳад овард. Шариати ислом мефармояд: «Ҳар касе хуб ва ба таври комил вузӯ гирад ва намозро бо хотири ҷамъ барпой дорад, рӯзи қиёмат гуноҳони сағира (хурд)-и гузаштааш бахшида мешаванд ва дохили биҳишт мегардад». Ҳамчунин, омадааст, ки:«Намоз шоҳсутуни дин аст. Ҳар касе намозро накӯ барпой дорад, динро устувор ва пойдор намуда ва ҳар касе онро тарк намояд, динро барбод додааст».

Муҳаммад Иқбол мефармояд:

Ло илаҳ бошад садаф гавҳар намоз,
Қалби муслимро ҳаҷи асғар намоз.
Дар кафи муслим мисоли ханҷар аст,
Қотили фаҳшову бағйу мункар аст.
Бинобар ин, намозро на фақат дар моҳи Рамазон, балки дар ҳамаи ҳолат бояд мусалмон бихонад. Намози таробеҳ аз ҷумлаи суннатҳоест, ки иҷро кардани он аҷру подош дорад.

-Дар маҳале, ки одамон зиёд бошанд, занон чӣ гуна намози худро гузоранд?
Робия, ш. Панҷакент.


-Агар ҷойи пинҳонтар аз назари мардум пайдо карда, намоз гузоранд,хуб аст. Дар чунин ҳолат агар зан аз пушти шавҳари худ иқтидо кунаду намоз хонад, боке надорад.Агар имкони пайдо кардани ҷойи беодам набошад, шавҳараш дар паҳлӯяш набошад, зан ҳам метавонад, ҷойи покизаеро интихоб карда, намоз гузорад.
Шуд вуҷудаш раҳматаллил оламин,
Масҷиди ӯ шуд ҳама рӯйи замин.

Ҷойи интихобкарда барои намозгузор бояд ҳатман камодам ва покиза бошад. Дар сари роҳ, ҷое, кимардуми бисёр равуо дошта бошанд, беҳтар аст, намоз нахонад. Вазифаҳои асосии намозхонинтихоби ҷойи пок аст.


-Дар сурати босавод будани зан дар ҷамоате, ки он ҷо мард ҳам бошад, ӯ метавонад имоматӣ кунад?
Соҳиба, ш. Бӯстон.

-Не, зеро дар сурати будани мард, зан ҳеҷ гоҳ ҳуқуқи имоматиро надорад.


-Таробеҳ намози ҷамоат аст. Занҳо бояд чӣ гуна онро адо намоянд?
Заъфарон, ш. Кӯлоб.

-Барои занон низ гузоштани намози таробеҳ иҷозат дода шудааст. Занҳо имоми худро бояд аз байни худ интихоб кунанд ва бигзор дар хонаашон намози ҷамоа хонанд. Аммо дар масҷид бо мардон омехта нашаванд, зеро ҳазрати Умар (р) монеи омадани занҳо дар масҷид шуданд.


-Мабодо дар вақти саҳархӯрӣ хоб монем ва 10 ё 20 дақиқа дертар аз вақти муайяншуда нияти рӯза кунем, он қабул аст?
Нисо, ш. Душанбе.

-Пайғамбари Худо (с) таъкид кардаанд, ки саҳархӯрӣ кунед, зеро дар он баракат аст. Вақте инсон дар хоб мемонад, агар бинад, ки азонро нагуфтаанд, як пиёла об, барои савоби саҳархӯрӣ нӯшад. Раваду баъди офтоб баромадан бедор шавад, дар дил ният кунад, кофӣ аст.

-Нафаре, ки нияти рӯзаро бо забони арабӣ намедонад, метавонад онро бо забони тоҷикӣ бихонад?
Марямхон, ш. Хуҷанд.

-Ният қасди дил аст, чӣ дар намоз, чӣ дар закот ва чӣ дар рӯза. Дар дил нияти гирифтани рӯза бошад, ҳамин кифоя аст.

Таҳияи О.СОҲИБЗОДА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД