Ман Валиева Мамлакат, соли таваллудам 1966, зодаи шаҳри Кӯлоб ва аз соли 1996 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошам. Дар боғчаи №73 мураббия шуда кор мекардам, вале соли 2003 ба бемории сил гирифтор ва бо ҳамин маъюби гурӯҳи дуюм шуда мондам.
Шавҳар ва фарзанд надорам. Худам тани танҳо дар хобгоҳ зиндагӣ мекунам. Бар замми ин, кор ҳам карда наметавонам. Дар хобгоҳ шароит беҳад вазнин аст. Шӯру мағал мекунанд, асабҳоям низ хароб гаштааст. Аз Фарзонаҷон хоҳиш мекунам, ки ба ман кӯмак кунад. Дар намозҳоям дар ҳаққаш дуо мекунам, ки ҳамеша хушбахт бошад.
Ақаллан ба мӯҳлати дароз қарз диҳад, ки як хона харида, ягон кӯдакро ба фарзандӣ қабул кунам, баъдан қарзамро оҳиста-оҳиста бармегардонам. Мани силкасал дар ин хобгоҳ якбора сил шудаам. Илтимос, ба ман кӯмак кунед. Рақами телефон: 918765513