Commerc banl
Дар муассисаҳои таълимии Хуҷанд рӯзҳои саломатии дандон баргузор гардид
14.03.2026
Oila.tj
54

Имрӯз, 14-уми марти соли равон бо ташаббуси табибони Дармонгоҳи стоматологии бачагонаи шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои таълимии шаҳр рӯзҳои саломатии дандон баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар доираи ин иқдом табибони соҳибтаҷриба дар муассисаҳои таълимӣ дандонҳои кӯдаконро муоина намуда, корҳои профилактикиро ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, табибон на танҳо мушкилиҳои эҳтимолии дандонро муайян кардаанд, балки ба кӯдакон ва мураббиёну омӯзгорон дар бораи қоидаҳои дурусти дандоншӯӣ, одатҳои ғизои солим ва роҳҳои пешгирии бемориҳои даҳон машваратҳои судманд додаанд.

Таъкид шудааст, ки ҳадафи асосии чунин чорабиниҳо ҳимояи саломатии кӯдакон ва ташаккули фарҳанги дурусти дандонпарварӣ аз овони хурдӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД