Дар минтақаҳои тармафарои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
23.01.2026
Oila.tj
69

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки 23-24-уми январ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ (километрҳои 48-74, 80-81), минтақаҳои тармафарои Майхӯра ва Зиддеҳи ноҳияи Варзоб, ноҳияҳои алоҳидаи тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад.

Бино ба маълумоти мутахассисони Агентӣ, ҳангоми бориши барфи зиёд (яъне агар зиёда аз 7 см барфи тар бошад) сар задани тармафароӣ эҳтимол дорад. Агар баландии барф дар кӯҳҳо ва нишебиҳо то 20 см шавад, хавфи фаромадани тарма ба вуҷуд меояд.

Дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд - дар ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон ва қисмати болоии Кӯҳистони Мастчоҳ низ хатари зиёди тармафароӣ мушоҳида мешавад. Ҳамзамон минтақаҳои кӯҳистонии ноҳияҳои тобеи марказ, аз ҷумла дараи Ромит, Файзобод ва Варзоб (шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок), инчунин минтақаи баландкӯҳи Сангвор дорои хатари тармафароӣ мебошанд. Дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Хатлон, махсусан ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг ва Шамсиддини Шоҳин тармафароӣ хеле кам дида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД