Дар Мастчоҳ Маркази фарҳангии деҳоти Палдорак ба истифода дода шуд
23.12.2025
Oila.tj
54

Дар ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ Маркази нави фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги кишвар, дар маросими ифтитоҳи ин иншооти муҳими фарҳангӣ вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён, раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли фарҳанг ва сокинони маҳаллӣ иштирок намудаанд.

Гуфта мешавад, ки Маркази фарҳангии деҳоти Палдорак ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии азхудкунии дашти Дилварзин бунёд гардидааст. Корҳои лоиҳакашии иншоот ҳанӯз соли 2013 оғоз шуда, марҳилаи асосии сохтмони он соли 2016 шуруъ гардидааст. Иншоот бо маблағгузории Вазорати фарҳанг сохта шуда, пудратчии он Муассисаи давлатии Иттиҳодияи илмию истеҳсолӣ оид ба муҳофизат, таъмир ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД