Sebiston new 2024 october
Дар марги фоҷиавии Осияи 7-сола кӣ гунаҳкор аст?
4760

Дар марги фоҷиавии Осияи 7-сола
кӣ гунаҳкор аст?
Боз як тифли маъсум, ки ҳанӯз аз хушиҳои зиндагӣ сер нашуда буд, ҷони кӯчакашро бо сад дарду ранҷу азоб ба ҷонофарин супурд.
Боз як гули нашкуфта хазон гашт.
Боз як хонаи тоҷик мотамсарой гаштаву қомати аҳли хонавода бишкаста..
Боз як модари тоҷик дар мотами ҷигарбандаш хун мегиряд...
Осияи хурдакак ҳамагӣ 7-сол дошт ва мисли тамоми кӯдакон фарорасии соли навро бо беқарорӣ интизорӣ мекашид.
Духтарчаи фатиламӯй шеъҳои зиёде аз ёд карда буд, то дар соли нав шеърхонӣ карда, аз дасти Бобои Барфӣ халтачаи пур аз қанду қандалот ва хирсаку зоча тӯҳфа бигирад, аммо...
Расидан ба дидори Бобои Барфӣ ба Осияи заркокул муяссар нагашта, ин тифли маъсум дар арафаи соли нави мелодӣ қурбон гашт.
Падару модар ва хешу ақрабо дар сӯги Осияи нозанин хун мегирянд, зеро бо аҷали худ не, ба сад дарду сахтӣ ҷон дод ин тифли бегуноҳ. Осияи зери чархи мошин монда, ғарқа дар хуни худ ин дунёи бевафоро абадан падруд гуфт.
Ин ҳодисаи нохуш санаи 14-уми декабр, тахминан соатҳои 13:40 сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Старекс», Осақолов Хоҷамқул Каримқулович, соли таваллудаш 1970, ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, кӯдаки хурдсол Муслиҳиддинзода Осияи Шамсиддин, соли таваллудаш 2014, сокини пойтахтро пахш намуд. Тавре ки ВКД хабар медиҳад, духтарчаи 7-сола бар асари ин садамаи сархӯр ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Нисбат ба ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД