sebiston july new
Дар марги ду кӯдаки 6-сола кӣ гунаҳкор аст?
3721

 

Боз аз ду хонаи тоҷик садои ҷигарсӯзи нолаи модар ба гӯш мерасад

Боз қомати ду падар бишкаставу хоҳару бародарон, тағову амакҳо, хешу ақрабо ва ёру дӯстон бо сари хаму дили пурғам хун мегирянд

Боз риштаи умри ду кӯдаки маъсум, ки ҳанӯз аз сад гулашон як гулашон нашкуфта буд, ба таври фоҷиавӣ канда шуд.

Боз ду тобути хурдакаки ғарқи хунро бо дидаҳои ашкбор ба водии хомӯшон гусел намуданд...

Чаро ин ду писарчаи нозанин, ки ҳанӯз аз шӯхиву бозиҳои айёми кӯдакӣ сер нагашта буданд, ин қадар барвақт олами рангинро тарк гуфтанд?

Дар марги ин ду тифли бе гуноҳ кӣ гунаҳкор аст?

Тавре ки ВКД мегӯяд, фоҷиаи аввал рӯзи 12-уми ноябр, тахминан соатҳои 10:25 сар зада, ронандаи мошини Опел-Астра Ҷумъахон Ашӯрови 47-сола ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳраки Фархор ба самти ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи мазкур, дар ҳудуди деҳаи Аловуддин аз ӯҳдаи идора кардани автомобил набаромада, писарчаи 6-сола Исоҷони Меҳриддинро пахш намудааст. Исоҷон бар асари ин садама ҷароҳати вазнин бардоштадар зери чархи Опел-астра ҷон дод.

Садамаи дуюм низ ҷони як кӯдаки бе гуноҳро рабуда, писарчаи 6-сола Ансори Нурулло, сокини деҳаи Дашти гулҳои ноҳияи Восеъ дар зери чархи “Мерседес Бенс” ҷон ба ҷонофарин супурд.

Аз тақдир ҷойи гурез нест мегӯянд, вале   эҳтиёт ҳам ними ҳаёт аст, аз ҳамин хотир мо аз тамоми ронандагон хоҳиш мекунем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД