Дар манзили корманди барқ дуздии нерӯи барқ ошкор шуд
173

Тавре Агентии назорат дар соҳаи энергетика рӯзи 20-уми декабр хабар додааст, дар хонаи як корманди зеристгоҳи барқӣ дар ноҳияи Темурмалик дуздии барқ ошкор шудааст.

Гуфта мешавад, ки Шуҳрат Самиев аз бинои навбатдорӣ то манзили истиқоматиаш, ки дар наздикии зеристгоҳ ҷойгир шудааст, пинҳонӣ хати барқ кашида, бидуни пайвастшавӣ ба ҳисобкунак аз нерӯи барқ ба таври ғайриқонунӣ истифода мебурдааст.

Нисбати Шуҳрат Самиев парванди маъмурӣ боз шудааст, аммо назари худи ӯ дар ин масъала маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД