arzon replenishment
Дар куҷо чанд ветерани ҶБВ зинда мондааст?
636

Санаҳои муҳиму тақдирсозе мавҷуданд, ки бо гузашти солҳо ҷойгоҳ ва аҳамияташон торафт бештару бештар аён мегардад. Яке аз чунин рӯзҳои фаромӯшнашаванда Иди Ғалаба бар фашизми гитлерӣ аст.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ хунхортарин ва тӯлонитарин ҷанг дар таърихи башарият буда, 1418 шабонарӯз давом кард. Ин ҷанги хонумонсӯз ҷони миллионҳо одамонро рабуда, садҳо ҳазор кӯдаконро ятим ва аз меҳру муҳаббати падару модар бенасиб гардонд.

Дар ин ҷанги мудҳиш 27 миллион шаҳрванди мамлакати паҳновари СССР ҷони худро аз даст доданд. Аз ҷумла аз Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор нафар ба майдони ҷанг рафтанд ва 92 ҳазорашон дар сангари дифоъи Ватан қаҳрамонона ба ҳалокат расиданд. Ҷавонмардони бо нангу номуси тоҷик дар набард бо адӯи гитлерӣ шуҷоату матонати бемисл нишон дода, 58 ҳазор нафарашон сазовори ордену медалҳои давлатӣ ва 54 нафарашон бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Яке аз хунинтарин муҳорабаҳо дар таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ - ин муҳорибаи Сталинград буд, ки дар он 2,5 миллион аскарон иштирок намуда, 1,5 ҳазор танк, 2,5 ҳазор самолёт, 20-25 ҳазор тӯп истифода шудааст. Боиси ифтихор аст, ки фарзандони шуҷоъи Тоҷикистон низ дар ин набарди таърихӣ иштирок доштанд. Германияи фашистӣ дар ин набард талафоти калон дода, қариб 800 ҳазор аскаронаш кушта шуданд, 2 ҳазор танк, зиёда аз 10 ҳазор тӯп, 3 ҳазор самолёти немис аз ҷониби сарбозони қӯшунҳои шӯравӣ несту нобуд карда шуд.

Яке аз сарбозони шуҷоъи тоҷик Туйчӣ Эрҷигитов 5-уми октябри соли 1943 корнамоии Александр Матросовро такрор карда, бо тани худ нуқтаи оташфишонии душман (ДОТ)-ро пӯшонд ва қаҳрамонона ба ҳалокат расид. Тӯйчӣ Эрҷигитов барои ин корнамоиаш пас аз марг бо унвони баланди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардонида шудааст.

Дар ин рӯзи мубораки Ғалаба корнамоиҳои Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Сафар Амиршоев, Исмат Шарифов, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов, Чӯтак Урозов ва дигар фарзандони далеру шуҷоъи тоҷикро ба ёд наовардан гуноҳи азим аст. Ин ҷавонмардони баномус ҷони худро дар роҳи саркӯб кардани фашистони истилогар аз даст дода, дар Русия, Беларус, Украина, Молдова, Латвия, Литва, Эстония ва лонаи фашистон - Германия ба хоби абадӣ рафтанд, то ки наслҳои оянда дар фазои орому осудаи сулҳ ва осоиштагӣ умр ба сар баранд.

Қобили зикр аст, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ натанҳо ҷавонмардон, балки занону духтарони бо нангу номуси мамлакати Шӯравӣ, аз ҷумла занҳои тоҷик низ бар зидди фашизм муборизаи беамон мебурданд. Аз 700 адад аризаи дар рӯзи якуми ҷанг дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Октябр (ҳоло Исмоили Сомонӣ)-и шаҳри Душанбе ба қайд гирифташуда 200 адади он аз номи занону духтарон будааст.

Имрӯз аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ танҳо 25 нафар зинда мондаанд. Аз ҷумла дар вилояти Хатлон 10 нафар, дар Суғд 6 нафар, дар шаҳри Душанбе 4 нафар ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 5 нафар иштирокчиёни ҶБВ зиндагӣ мекунанд. Дар ВМКБ ҳамаи собиқадорон фавтидаанд, вале...

Корнамоиҳои бобоёнамон баҳри сулҳу озодӣ ҳамеша дар дилу дидаи мо зиндаву ҷовид хоҳад монд.

Иди Ғалаба муборак!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД